Мардуми тоҷик аз азал сулҳдӯсту сулҳофар буд. Бо эътимоду боварӣ гуфта метавонам, ки мо ҳеҷ, гоҳ ба дурӯғу бофтаҳои фитнаангезии хоинони давлату миллат дода намешавем. Боиси таассуф аст, ки хоинони Тоҷикистон ҳама дастоварду муваффақиятҳо, сулҳу оромӣ, хизматҳои шоёни Сарвари давлатро дида наметавонанд ва аз ғаразу кинаҳои хеш достонҳои дурӯғ эҷод намуда, мардумро ба худ ҷалб мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки бо амалкарди душманони миллат Тоҷикистон ба мушкилии маънавию моддӣ дучор гардида, мамлакат дар гирдоби ҳалокат қарор дошт.  Маҳз фитнаи ТЭТ ҲНИ ҷавонони тануманд, донишманду ҳунарманд ва ҳазорон фарзандони номбардори моро аз байн бурданд, ки он ба рушди пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон даҳсолаҳо таъсиргузор хоҳад монд. Нафаре, ки аз сиёсат бохабаранд, ба гуфтаҳои ин ифротгароён бовар намекунад саҳму талоши ҳар сокини кишварамонро дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи он мушоҳида мекунем. Итминон дорам, ки мардуми Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҷанги шаҳрвандиро, ки аз кӯтоҳандешӣ ва хиёнату иғвоангезии чунин ашхос сар зада буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дигар он шаҳрвандони солҳои 90-ум нестанд, ки зери таъсири ғояҳои дурӯғин қарор гирифта, қурбонии ҷангҷӯёну фурсатталабони ватанфурӯш гарданд.

Мамлактро як ҳадаф, як идея ба ҳам муттаҳид месозад. Ин ҳам бошад бо ҷону дил онро дӯст доштан, содиқона хизматашро ба ҷо овардан ва арҷ гузошта ба меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари давлат мебошад. Танҳо ҳамдилӣ, садоқат ба ормонҳои халқ, маърифати баланд метавонад моро аз ҳама оризаҳо эмин дорад. Миллати сарбаланди тоҷик дар ягон давру замон бо мақсади ғасби ҳокимият ҷанг шуруъ накардааст. Ба ҳамин хотир он сабақҳое, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ гирифтаем, имрӯз бароямон дарс аст.

Исмоил Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд