Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Имрӯзҳо ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозанд: яке –ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз қабили қиморбозӣ ва нашъамандӣ) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш. Ин зуҳуроти нохуш, ки оқибати онҳо танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад. Сабаби аввал бекорӣ, аз кору заҳмат гурехтан ва ҷустани роҳи осону беранҷи зиндагист. Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати ҳаётро меҷӯянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораку инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомӣ ва бесарусомонӣ эҷод мекунанд.

Барои дарки дурусти моҳияти ин мавзӯи мубрами рӯз дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талоши ҷиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала рӯшанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намудаанд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ менамуданд. Бо мурури замон муносибат, шакли мубориза ва омилҳои таъсиррасонии ин раванд дар ҷомеа дигаргун шуда, давра ба давра вобаста ба тараққиёти инсоният шаклу шамоилҳои этникӣ, миллӣ, динӣ ва минтақавиро ба худ касб менамояд.

Барои оммафаҳм шудани мавзӯъ моро зарур аст, бо як қатор мафҳумҳое, ки бо ин раванд алоқаманд аст, шиносоӣ пайдо намоем.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ифротгароӣ- экстремизм, фундаментализм – бунёдгароӣ ва тундгароӣ – радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задании низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

 Табдил гардидани мӯҳити динӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ба тундгаро шудани он аслан аз мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қисматҳо ҷудошавии он дар асоси ҳузури исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, инчунин, нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон ва маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон мебошад. Кишварҳои дунёро зарур аст, дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ по бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.

Дар таърихи 12 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №776, ба мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим барои таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизму терроризм ва дар ин замина муттаҳид намудани тадбирҳои муштараки органҳои қудратии кишвар, мақомоти идоракунӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ намудани ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ саҳми басозе хоҳад гузошт.

 Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи «амният» муродифи калимаи «давлат» аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оид ба ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи «давлат», зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро аз ҳама намуди хатарҳои номатлуби ҷаҳони имрӯзаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, олими машҳур Томас Гоббос мегӯяд: «Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз».

Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ – миллат ва миллатҳо, қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд.

Вазъи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ – таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзу сулҳу суббот ва амният меистад. Ин мавзӯъи дараҷаи аввал маҳсуб мегирад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад намехохад ба корҳои номатлуби замон даст занад. Чунончӣ Ҳофиз дар  ин бобат мегӯяд: «Чеҳра ба гиря бишӯяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷӯяд».

Амнияти давлат мавҳуми системавӣ мебошад. Он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Мӯҳтавои ин масъала дар Қонуни асосии ҳар кишвар сабт гаштааст. Тибқи он дар давлат нафар, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад. Субъектҳои дорои ҳуқуқ, ҳамзамон, вазифаҳои муайян дар самти таъмини амнияти давлатро дорад.

Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандарканорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносибати байналхалқӣ,  давоми сиёсатихориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама, захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳияти ҷавҳари чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон.

Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост, таърихи ҷнгҳост,  таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт. Ин мушкили моро осон намекунад. Онҳоро ҷиддан бояд омӯхт. Аз нигоҳи илмӣ ҳамчун падидаи воқеӣ нигоҳ накарда, зарур аст системаи таъмини амниятро тарзе пешгӯӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намуд, ки ба миллат осеб натавонанд расонанд.

Ҳамзамон, дар муқобили тахрибкории бадхоҳони миллат, воқеияти дохили мамлакатро низ бояд мадди назар гирифт. Намунаҳои ҳақиқатан ватандӯстона ва миллатпарастонаи онро минбаъд ҳам қувват бахшид. Оид ба арҷгузории масъала аз муҳимтарин категорияи фалсафии сабаб- оқибат дар лаҳзаҳои барои таъмини амнияти миллӣ ҳассос истифода кард. Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъминиамнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешавад. Ҷараёни таъмини амнияти миллӣ навъи мусобиқаи интеллектуалӣ байни сохторҳои ин муассиса бо террористҳо, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, объектҳои таҳти назар муайянкардаи қонун нест.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими  ҷомеа ба шумор меравад. Солҳои охир на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё сафи ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, афзуда истодааст. Агар ҷавонони имрӯзаро бо насли гузашта муқоиса намоем, тафовут хеле калон аст. Сохти иҷтимоӣ кулан тағйир ёфта, ҷавонону наврасон бештар ба соҳаи техника рӯ овардаанд. Агар дар замони гузашта барои тарбияи наврасон ва ҷавонон китобҳои бадеӣ ва осори классиконро истифода бурда, ҷавонон дар мутолиаи китоб байни ҳам мусобиқаҳо ташкил мекарданд, мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ китоб моҳияти худро қариб, ки гумм карда, насли ҷавон дар тамошои филмҳои даҳшатовару куштор ва дорои фаҳш, ки баръакс, ба ояндаи онҳо зиёновар аст, сабқат мекунанд.

Ин ҳама мо-омӯзгоронро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи меҳнатии ҷавонону наврасон ҷиддан машғул шавем. Мебояд, ки дар ин роҳ ҷиҳати ба зеҳни шогирдон расонидани моҳияти маънавӣ ва иҷтимоии кору заҳмат аз усулҳои гуногуни самаровар истифода барем. Нахуст бо истифода аз чанд дақиқаи дарс овардани мисолҳоро аз ҳаёти ҷавонони гумроҳ, ки ба дарди бедавои бекорӣ, бепарвоӣ, нашъамандӣ мубтало шудаанду ҳаёти худро барбод додаанд, зарур медонем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳан, ки ҷавонон ин гуна мисолҳоро бодиққат мешунаванд ва хулосаи зарурӣ низ мебароранд.

         Намоиши филмҳо ва роликҳои кӯтоҳ аз ҳаёту тақдири ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд ва зери тиру туфан мондаанд, боиси нафрат пайдо кардани шогирдон мегарданд.

         Агар мӯзгор дар дарсҳо ба таври кӯтоҳу муъҷаз аз ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии олимон, донишмандон ва суханварони машҳури форсу тоҷик  - Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ғайра мисолҳо орад, ин беҳтарин усули дар роҳи худшиносӣ тарбия кардани ҷавону наврас маҳсуб меёбад.

         Ҳамзамон, ҷавонони имрӯза бояд аз бунёдкориҳову созандагиҳои кишвар огаҳ бошанд.

Хулоса, вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби змони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзад. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ баён намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд».

Абдуллоева Ҳ.Р.

муаллимаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идора