Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

    Ин дастовардҳои кишварро гурӯҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрӯза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ба ном «Гурӯхи 24» дида метавонем, ки раҳбарияшро замоне  Умаралӣ Қувватов - соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки “Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд.

Ба андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурӯҳи 24” созмони сиёсӣ нест, балки аз чанд нафар соҳибкорони норозӣ иборат аст, ки баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.  Номи Алим Шерзамонов яке аз фаъолони ин гурӯҳ аст, ки то кунун дар ҷомаи созмони Паймони миллӣ фаъолият мебарад. 

Новобаста аз он, ки ин гурӯҳ сиёсист ё ғайри сиёсист, ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз мақомотҳои дахлдор даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбати ин гурӯҳи носолим чораҳои зарурӣ андешида шавад. Зеро масъалаҳои таъмин  кардани амният дар мадди аввал меистад.  Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд