Ҷумҳурии мо дар шимолу шарқ бо Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Мо тоҷикони меҳмондӯсту меҳмоннавоз ҳастем, ҳуҷҷатҳоро сари вақт бояд ба тартиб медаровардем.

Баҳсу мунозира байни ҳуҷҷатҳо ниҳоят зиёд аст. Барои чӣ ҳамсояҳои “азизи” мо ҳуҷҷатҳои солҳои охирро ба ҳисоб мегиранду «Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва соли  1932» - ро оид ба масъалаи сарҳад эътироф намекунанд. Дар харитаҳои солҳои пеш сарҳад марзу бум равшану возеҳ нишон дода шудааст. Мо, тоҷикони меҳмоннавоз  қирғизонро ба худ ҳамсоя кардем, хона додем, замин барои чарогоҳ додем ва оқибат ба тӯҳмат гирифтор шудем. Вақте мақолаи коршиноси байналмиллалиро оид ба марзу бум мутолиа намудам, боз як маротиба эҳсос намудам, ки миллати тоҷик дар масири таърихи худ ба ҳеҷ ваҷҳ бар сари ягон миллат ва халқият шамшер набардоштааст.  Дар урфият мегӯянд, ки “ятими дарам, ҳокими сарам шуд” ин мақола рост омада истодааст.

Барои чӣ шаҳрдорони “ҳамсояҷонамон” фаҳмидан намехоҳанд ё худро гӯлу карахт мегиранд. Ин қадар овардаи коршинос аз ҳаво неку ҳамааш бо далелу расмҳо исбот карда шудааст. Мо бо ҳамсояҳо рафту омадӣ мустаҳкам доштем, тоҷиконе, ки дар Андарақ зиндагӣ мекарданд ба мактабҳояшон рафта омӯзгоронро такмили ихтисос медодем, китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ дастрас мекардем. Ин баҳсу мунозира қариб 100 сол ҳаст, ки идома дорад, аз ноӯҳдабароии ҳамсояҳо хуни фарзандону сокинони ҳар ду тараф рехта шуд. Бояд ин масъала бо тезӣ ҳалли худро ёбад, вагарна 100 сол 211 000 га замини Тоҷикистон бо аҳолиаш дар хизмати ҳамсояҳои азизамон буд, ки боиси баҳсу мунозира аст. Барои чӣ ҳамсояҳо ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии тасдиқкунанда боварӣ надоранд. Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст, то имрӯз масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро бо ҳам медидем, дастгиру кӯмакрасонӣ ҳамдигар будем. Мо имрӯз барои мавқеи ҳақиқии Тоҷикистонро муайян кардан ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем. Мо ҳар як сокини кишвар нисбати ин масъала бетараф нестем, ҷангҷӯй ҳам нестем, мо интизор ҳастем, ки тарафҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба масъала равшанӣ меандозанд.

 

Хайринисо Темирова , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд