Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати  Шӯравӣ дар байни  ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ муноқишаҳои сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ин то ҳол давом дорад. Зиддиятҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон низ натиҷаи он аст, ки якчанд маротиба  ба задухӯрди мусаллаҳу талафоти ҷонӣ овард.

Ин албатта барои ҳам халқи тоҷик ва ҳам барои халқи қирғиз  судманд нест. Зеро ин халқҳо солиёни  зиёд паҳлуи ҳам иқомат карда, муносибатҳои дӯстию ҳамҷаворӣ доранд. Аммо имрӯз ҳокимияти  кунунии Қирғизистон ду маротиба бо тайёрии махсус сарҳади давлатии Тоҷикистонро вайрон карда, боз даъво дорад, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон гӯё ҳуҷум карда бошад. Гуфтушунидҳо ва қарорҳои қабул гардидаро нодида мегиранд. Тоҷикон дар масири таърих ба мамлакате ба ҳеҷ ваҷӣ ҳуҷум накардаанд. Ин аз тинати сулҳпарваронаи мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад. Барои даъвои заминҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои гуногун барои  истифодабарӣ ба ихтиёрӣ Қирғизистон гузошта шуд, онҳо асосӣ  қонунӣ надоранд.

Он қарорҳое ки қабул шудаанд, дар сатҳи давлатӣ бо иҷозати Ҳукумати Иттифоқ набуд. Зеро фақат бо хоҳиши ҷумҳуриҳо бо розигии тарафайни онҳо мақомотҳои марказии иттифоқ сарҳади ҷумҳуриҳои иттифоқиро тағйир дода метавонистанду халос. Лекин Қирғизистон мехоҳад, ҳуҷҷатҳои мавҷудаи замони шӯравиро дар хусуси сарҳади ду ҷумҳурӣ қатъи назар карда, даъвои ҳудудҳои назди сарҳадии Тоҷикистонро дорад. Ҳатто ҳаминро ҳам ба назар намегирад, ки Тоҷикистон 50 000 гектар заминҳои Олойро ки дар Мурғоб ба мӯҳлати 50 сол аз соли 1942 то соли 1992 ба иҷора гирифта буд, соли 2004 бо ихтиёри худ ба Қирғизистон гардонда дод. Ин тимсоли хуби ҳамсоягию ҳамҷаворӣ ва ба қавли шуд вафодор будани Тоҷикистон буд. Ҳукумати кунунии Қирғизистон инро ҳам сарфи назар мекунад. Тоҷикистон дар масъалаи марз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад. Лекин Қирғизистон ва дигар коршиносони хориҷӣ ин санадҳои ҳуқуқиро ба назар намегиранд. Имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи умумии СММ садо дод. Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.  Лекин Ҷумҳурии Қирғизистон ин фактҳоро шунидан ҳам намехоҳад, ба ҳуҷҷатҳои мӯътамад такя накарда, фақат манфиати худро дида, ба ҳалли ин масъалаҳо созмонҳои байналмиллаиро ҷалб карданӣ аст, аки ин вазъиятро боз бадтар мекунад. Месазад, ки Қирғизистон бе ҷалби созмонҳои байналмиллалӣ ин масъаларо ҳал намояд.  Зеро Тоҷикистон беғаразона бо такя ба санадҳои ҳуқуқӣ ин қазияро ҳал кардани аст.

   Ғозиева М.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд