Баёни умр

Бойпочо Фатҳиддинов 7 сентябри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Донишгоҳи автомобилӣ ва роҳсозии шаҳри Маскав. Фаъолияти меҳнатиашро дар Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе оғоз карда, ҳамзамон вазифаи сармуҳандиси автобазаи №3- и шаҳри Душанберо ба зимма дошт. Соли 1976 сарвари кулли Иттиҳодияи истеҳсолию техникии «Автотранстехника» таъин шуд. Солҳои 1990-1995 чун вакили халқ дар Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Соли 1993 ба ҳайси директории тиҷоратӣ, муовини сарвари кулл ва соли 1995 сарвари кулли ҶС «ТоҷикГАЗавтосервис» буд. Алҳол устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Оиладор, соҳиби 3 нафар фарзанд.

 

Оғоз

Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ мебошад. Мусаллам аст, ки барои амалӣ шудани ин тадбири муҳим мо такя ба кадрҳои баландихтисоси соҳа мекунем. Бойпочо Фатҳиддинов аз ҷумлаи чунин мутахассисони баркамоланд, ки умре барои пешрафти соҳаи нақлиёти кишвар саҳми ногузир гузоштаанд. Дар арафаи таҷлили 29- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ, ки мавсуф худ иштирокчии бевоситаи он буданд, сӯҳбате доштем бо он кас. Инак, фишурдаи сӯҳбатамонро манзури хонандагон мекунем.

 

ХОТИРАҲОИ ОФТОБӢ

 - Устод Бойпочо Раҳимович, аз баргузории яке аз рӯйдоди муҳими кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишварамон сулҳу оромӣ овард, 29 сол пур мешавад. Шумо ба ҳайси вакили мардумӣ аз он рӯзҳои мушкил ва ҳасос чӣ хотирот доред?

 - Аввалан мехостам дар оғози сӯҳбат як нуктаи муҳимро қайд намоям. Мавҷи бозсозиву, ошкоргӯӣ ва демократия дар кишвари мо шурӯъ аз соли 1989 оғоз ёфта, бори нахуст интихоботи шаффоф ва демократӣ маҳз соли 1990 доир шуда буд. Далели гуфтаҳои болоӣ он аст, ки ман ва 16 нафари дигар ба ҳавзаи интихоботии № 8 ноҳияи Октябр (ҳозира ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад пешбарӣ шуда будем. Аксари пешбаришудагон шахсиятҳои шинохтаи кишвар буданд. Дар натиҷаи таблиғи солим банда дар даври дуюми интихобот вакил интихоб шудам. Бояд гӯям,  он замон вакил интихоб шудан рисолати азимеро бар дӯш гирифтан буд, ки ман онро ҳар лаҳза эҳсос мекардам.Чун нооромиҳо дар кишварамон сар зад, аксаран гуноҳро бар сари вакилон таҳмил карданӣ шуданд. Таъқибу фишорварӣ ба авҷаш расид. Ҳатто ҳамкоронам ба хотири амниятам таклиф ҳам карданд, ки ба ҷойи кор ҳозир нашавам. Дар он лаҳзаҳои ҳассос натанҳо ман, балки дигар вакилон ҳам бо як нерӯву қувва кори иҷлосияро идома доданд. Дар кори иҷлосия яке аз фаъолтарин вакилон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он кас дар такя бо далелу фактҳои ҷолиб пешниҳодҳои хубе медоданд. Суханҳои баҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ ме- кард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки номбурда бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.

- Яъне, интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистое самараи чунин дилсӯзиҳояшон дар рафти сесияҳо буд, ҳамин тавр?

-Дар он лаҳзаҳои мушкил миллати моро бояд сарваре идора кунад, ки нотарс, ҷасур, соҳибирода, мушкилнописанд аз ҳама муҳимаш меҳандӯст бошад. Ин хислатҳоро вакилон танҳо дар симои Эмомалӣ Раҳмон диданд. Ва имрӯз бо гузашти 29- сол аз ин рӯзи таърихӣ як чизро метавон ёдовар шуд, ки кам касонеро хосатан миёни ходимони сиёсӣ дучор шудан мумкин буд, ки паҳлӯ ба паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон нишаста кор кунанд. Ва дар як ҷаласа ҳам худи Президент ишора карда буданд, ки ҳисси нобоварии зумрае аз вакилон руҳияи ӯро дар мавриди фардои кишвар нашикастанд.

- Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст. Имрӯз аҳамияти таърихии ин иҷлосияро ҳамчун ширкаткунандаи бевоситаи он чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Иҷлосия оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буд. Зеро дар он аксари тарафҳои мухолифин аз ҷумла қумандонҳои саҳроӣ ширкат доштанд. Суханҳои пурҳарорати Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дубора дар дили бешафқати зумрае аз ҷангхоҳон раҳме овард. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҳоли ғарибони дар мулки афғон паноҳбурда, ҳафт моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ мондани шаҳрвандони вилояти Қурғонтеппа, рехтани хуни бегуноҳон, ба даст овардани ҳисси боварӣ байни ҳамдигар  баён дошта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки аз як гиребон сар бароварда, барои тинҷиву оромии кишвар фаъолият барем. Имрӯз кишвари мо ба як мулки ободу озод табдил ёфта, сокинонаш дар партави сулҳу ваҳдат оромона умр ба сар мебаранд. Мехостам, бигӯям, ки Иҷлосияи анҷумане буд, ки саодат ба миллат овард.

 

УСТОДИ СОЗАНДА

-Маълум ки барои пешрафт ва шукуфоии кишвари мо рушди соҳаи нақлиёт ва роҳ зарур аст. Шумо ба ҳайси коршиноси муваффақ солҳои сол дар ин соҳа заҳмат кашидаед. Имрӯз дар ин самт чӣ дастоварду чӣ мушкилӣ дорем?

 - Чун мутахассис фикр мекунам, дар солҳои гузашта мо идоракунии нақлиётро дар асоси системаи баҳисобгирӣ ва автоматизатсиякунонии коркарди ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи нақлиёти автомобилӣ сохта будем, ки натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:

- аз байн бурдани зиёднависиҳои нишондиҳандаҳои техникӣ ва иқтисодии кори нақлиёт дар ҳамаи соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ ва азназаргузаронии мантиқӣ бо истифода аз воситаҳои таҷҳизоти электронӣ:

- коҳиши ҳадафҳои коррупсионӣ дар кори нақлиёти авто- мобилӣ:

 - дуруст муайян намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва техникии кори ронандагон ва нақлиёти автомобилӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва самаранок истифодабарии нақлиёт:

- ташкили базаи информатсионии нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бояд гуфт, ки офаридани системаи ягонаи ташкили базаи информатсионии нақлиёт дар миёни давлатҳои шӯравӣ таҷрибаи аввлин буд ва ягон давлати дигар дар чунин сатҳи баланд ин корро ташкил карда натавонист. Ҳоло ҳам бартараф кардани мушкилиҳои баҳисобгирӣ ва лоиҳакунӣ дар сатҳи наваш ба мо лозим аст. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар аст. Аз ин хотир таваҷҷӯҳ сол то сол ба соҳаи мазкур зиёд мешавад. Ҳоло роҳҳои сатҳи байналмилалӣ дошта дар кишвар бунёд шуда истодааст. Акнун дар назди мо ду вазифаи асосӣ - дуруст ба роҳ мондани кори ҳамлу нақли автомобилӣ ва баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои нигоҳубини нақлиёт меистад. Барои расидан ба ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳаматарафа ҷаҳд дорад. Дар ин самт корҳои илмии олимони ҷавон фаъолтар шудааст. Аминам, ки дар солҳои минбаъда раванди ҳамлу нақл, истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва тараққиёти хизматрасонӣ ба автомобилҳо барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Мушкиливу муаммоҳо дар соҳа ҳоло зиёданд. Онҳоро ботадриҷ метавон бартараф кард. Азбаски ҳоло нақлиётҳои давлатӣ чун пештара пурра фаъолият намебаранд, лозим меояд, ки барои нигоҳубини техникӣ ва таъмири нақлиётҳои дар дасти мардум буда мо бояд корхонаҳои сервисиро зиёд намоем. Барои рафъи ин муаммо оиди тайёр кардани мутахассисони баландихтисос донишгоҳу донишкадаҳои техникӣ ба иқдомҳои наҷиб даст задаанд. Ҳоло барои боз ҳам ҳам хубтар такмил ёфтани дониши амалии донишҷӯён бо дастгирии роҳбарияти муассисаҳои олии кишвар тамоми таҷҳизотҳои омӯзишии соҳа харидорӣ карда шудааст, ки фикр мекунам аз ояндаи дурахшони соҳа дарак медиҳад.

- Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур!

ОХИРСУХАН

 Ҳарчанд сини устод ба 85 расида бошад ҳам, ҳанӯз хастагиро эҳсос накарда, пайваста дар такопӯ ҳастанд. Маҳз самараи заҳматҳояшон буд, ки он касро бо ордени «Нишони фахрӣ», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олӣ ҶШС Тоҷикистон, нишонҳои ҷашнии «Барои меҳнати шоён ба муносибати 100- солагии В. И. Ленин», «10 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақлиётчии фахрӣ»қадршиносӣ намудаанд. Вале мукофоти беҳтарин тавре худ иброз медорад инсони комил будану нафъе ба ҷомеа доштан мебошад.

 

 Мусоҳиб АБДУСАБУРИ АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд