Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмиллалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои сари вақт дар амал татбиқ шудани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад.

Вобаста ба татбиқи амалии дастури Сарвари давлат дар кишвар чандин Барномаҳои давлатӣ рӯи кор омада, санаи 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

   Ҳадафи асосии стратегияи мазкур ин пеш аз ҳама ҳушдор додани ҷавонон аз оқибатҳои ногувори шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад. Баланд бардошани дониши сиёсӣ, ифтихори миллӣ ҳадафҳои дигари стратегия маҳсуб меёбад, чунки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи мо низ тадриҷан фарҳанги бегонапарастӣ рушд намуда, бар асари он наврасон ва ҷавонон ба равияву ташкилотҳои эктремистии аз хориҷи кишвар дастгириёфта шомил гардида, аз ҳар як имконият фарҳанги динии худро нисбат ба дигарон боло гузошта, баҳри мутеи иродаи худ кардани атрофиён ва ба ин васила пайдо намудани обрӯю нуфӯз мубориза мебаранд.

Мақсади ягонаи равияву ташкилотҳои эктремистӣ бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият ва аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ба ҳисоб равад ҳам, саркардагон ва аъзоёни он ҷавонону наврасонро дар аввал ба гумроҳӣ андохта, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаётаи онҳоро фосид гардонида, онҳоро мутеи иродаи худ мегардонанд.

Бояд зикр намуд, ки ангезаи аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои мазкур содир намудани ҷиноят дар заминаи андешаҳои ифротгароёнаи динӣ, паст будани маърифтии динӣ, тарғиби бартарии онҳо аз нигоҳи муносибаташон ба равияҳои гуногуни дини Ислом маънидод карда мешавад.

Бар асари ин гуфтаҳо, давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои худашон ба созмонҳои террористию экстремистӣ маблағгузорӣ ва бо яроқ таъмин мекунанд, ки ин боиси аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бовиҷдони ҷомеа бояд тамоми кӯшишу неруи худро барои некӯаҳволии хонаводаи худ, дастгирии наздикон ва ободию тинҷии кишвари худ равона созад. Аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашуда, бо як иродаи қавӣ пайваста дар пайи кори хайру нек шуда, дар ҷамъият соҳиби обрӯи арзанда гардад. Нисбат ба мушкилоти дӯстону наздикон низ бетафовут набуда, оид ба гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд. Аз роҳи нодуруст баргардонидани як шахс ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ӯ ин худ саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва рушди ҷомеа, инчунин саҳм гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нисбат ба терроризму экстремизм бетарафӣ намекунад. Вобаста ба ин, дар ин самт як қатор қонунҳо қабул гардиданд. Ба мисли Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона”, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ). Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм мебошад.

“Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” идомаи ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ буда, ҳар яки моро мебояд, ки бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсиву динии донишҷӯён, мубориза зидди ғояҳои ифротгароёна, равияҳои тундрав ва муқобилият ба экстремизм, бедор намудани ҳушёрии сиёсӣ ва боз ҳам қавитар намудани дониши сиёсии донишҷӯён кӯшиш ба харҷ диҳем.

Тоҳиров Т.И., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд