То ҷое ки мо медонем, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳар гуна амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ ба таҳлука овардааст, албатта барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои ношоиста моро мебояд, ки тамоми кӯшиши хешро ба харҷ диҳем, то ин беморӣ ба дигарон низ сироят накунад. Бо мақсади нуқта гузоштан ба ин масъалаҳои мубрами рӯз, дар донишкада бо иштироки кормандони Раёсати корҳи дохилии вилоят силсилачорабиниҳо доир шуда истодааст. Чунончи дирӯз бо иштироки муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, подполковники милитсия Нозим Турсунов ва сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ахмедов Шаҳбоз мулоқот доир шуд.

Чорабинро муовини директор оид ба тарбия  Фаррух Аминов ҳусни ифтитоҳ бхшид.

Дар баромади Турсунов Нозимҷон зикр шуд, ки давоми 10 моҳ дар байни донишҷӯён 11 ҷиноят содир шуда, ҳамзамон 12 далели бо мошинҳои шахсӣ ба машғулият омадани донишҷӯён ба қайд гирифта шуд. Инчунин 14 ҳолати бо истеъмоли тамоку ва нос дар ҳудуди донишгоҳҳо ба назар расида, нисбати қоидавайронкунандагон ҷазои маъмурӣ раво дида шуд. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештар ба хондани китобу рӯзномаҳо машғул шаванд. Рӯзгори талхи нафарони гумроҳшуда барояшон дарси ибрат бояд бошад.

Ҳамин нукта зимни баромади Ахмедов Шаҳбоз низ қайд шуда, номбурда афзуд, ки  давоми нӯҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилоят аз ҷониби масъулини Раёсат 2 адад семинар – машварат бо фарогирии 180 нафар ҷавонон, 24 мулоқотҳо дар мавзӯҳои «Ҷавонон – ифротгариро маҳкум месозанд», «Ҷавонон – зидди терроризм», «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ» ва «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм» бо иштироки беш аз зиёда аз 6  ҳазор нафар ҷавонон баргузор карда шуданд.

Фаррух Аминов дар ҷамъбасти чорабинӣ зикр сохт, ки роҳбарияти донишкада барои хубтар ба таълиму тарбия фаро гирифтани донишҷӯён кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву сиёсӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии донишҷӯён мусоидат мекунад.