Ҷанг ин бадбахтиест, ки ҳангоми омаданаш ба дили ҳамаи одамон ноороми меорад. Масалан, як толибилме менависад оиди ҷанд: “Ҷанг! Чаро ту ҳамеша мисли ҳайвони хунхор доим бармегардӣ, то таоми бераҳмонаатро пур кунӣ? Гуруснагии ту сер нест ва туро куштан ғайриимкон аст, зеро куштан ин худ ту ҳастӣ. Инро ҳатто одамони хушбинтарин медонанд. Ту ҳамеша хоҳи буд, то даме, ки ту кӯшишҳои бадбахтонаи инсониятро барои сулҳ дар ниҳоят мағлуб куни. Ва салтанати ту хоҳад омад, ва ту бар қурбониёни худ нола хоҳи кард. Ва он гоҳ ту нопадид мешави, зеро касе барои куштан нахоҳад буд. Аммо руҳи ту дар тӯли садҳо сол дар болои замин парвоз хоҳад кард. Ин орзуи туст, оё ман дуруст гуфтам? Ва агар мо, мардум, ба чархи гардони ту санг партоем ва туро бо тир парронем ҳамчун ба синаи даррандаи девонавор. Туро куштан ғайриимкон аст, аммо ту метавони аз тафаккури эҷодкоре, ки ба ту нигаронида шудааст, ба қувваи девонаи харобиовариат муқобил барои. Боварӣ дорам, ки дер ё зуд одамон дарк хоҳанд кард, ки ту дар ин замин зиёдатӣ ҳасти ва ба зиндагӣ ҳақ надори. Мардум аз ту интиқом хоҳанд гирифт, ки ту шодӣ карда, дар болои майдонҳои набард чарх зада, хуни арғувонии инсонро менӯши. Ту ҷуръат нахоҳи кард, ки дубора бархези! Касе ба ин кор меояд,  аъмоли туро фаҳмида даҳшатнок мешавад, касе - танҳо аз ҳаёти худ метарсад. Мегӯянд, ки ту симои зан дори. Ин дуруст нест! Зан - нарм, эҷодкор - хоси ту нест. Ту танҳо як даҳшаде ҳасти. Мо одамон дигар намехоҳем барои чизе бимирем, ҳамдигарро бикушем, мо бар зидди ту муттаҳид мешавем ва он гоҳ ту тамом хоҳи шуд. Умедворам, ки пас аз чанд сол ба ту касе нома наменависад, зеро касе нест, ки ин номаро нависад!

Хулоса аз ин навиштаҳо чунин аст, ки мо ҳеҷ гоҳ ба омадани ҷанг роҳ надиҳем.

Сатторов Шарифҷон Амирович, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд