Масъалаи мубрами замони имрӯз ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаи мутамаддин ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд муфт зиндагӣ намуда пули бе дарди миён кор кунанд. Аз ин сабаб кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз байни ҷомеа ҷавонони камсаводро ба доми худ гирифтор намуда онҳоро барои амалӣ гаштани орзӯҳои нопоки худ истифода баранд. Афсус дар ҷомеаи мо низ ҳастанд ҷавононе, ки маданияти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро намедонанд ва бо ҳамин восита ба доми қаллобони интернетӣ афтода ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил мешаванд. Ҳастанд инсонҳои бадгумоне, ки бо ахборотҳои муғризона ва бардурӯғи худ мехоҳанд андешаи солими ҷавононро нопок созанд.

Ба монанди гурӯҳи терористӣ экстремистии Паймони миллӣ, ки бо роҳбарии чеҳраи манфури ҷомеаи муосири Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ аз аврупо нишаста ҷомеаи имрӯзаи моро танқид месозад ва худро ватандӯст нишон дода истода мисли лухтак ба сухани хоҷагонаш гӯш медиҳад. Ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон мебояд, ки маданияти истифодаи интернетро омӯзад ва зиракии сиёсии хешро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳад, то ин ки ба доми ин гуна шағолони манфур наафтад. Дар ҷаҳони имрӯз ҷомеаи иттилоотиро бояд пурзӯр намуд то бар зидди  ҳар гуна андешаҳои манфури душманони миллат муборизаи беамон баранд.

Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд