Дар ҳар давру замон дар ҷомеа ашхосе пайдо мешаванд, ки бинобар дар вуҷудашон набудани ҷавҳари некию некӯкори наметавонанд пешрафту тараққиёти ҷомеаро бубинанд. Онҳо бо ҳар баҳонаю ҳар роҳ мехоҳанд оромию суботи ҷомеаро аз байн баранд ва ба ин восита гардидани нақшаю ниятҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Боиси фахри тамоми мардуми бошарафи тоҷик аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ барои ба эътибору нуфузи ҷаҳонӣ соҳиб гардидани кишвари азизамон пайваста талош менамоянд. Таваҷҷӯҳи хосаи ҷаҳониён, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кулли давлатҳои ҷаҳон ба ҳар як ташаббусу баромадҳои нафъовару дурбинонаи Сарвари кишварамон гувоҳии ин суханон ҳастанд.  Сад шукр ки маҳз бо талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат захмҳои ҷанги даврони аввали истиқлоли давлатӣ шифо ёфтанд, мардуми тоҷик бори дигар дар гирди дастархони Ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ омаданд. Аммо ин ҳама осудагӣ ва оромии кишварро баъзе ашхоси кӯрдил дида натавониста, чун мори аҳриманӣ ба ҷомеа заҳр мепошанд, душмани мекунанд ва ба амалҳои иғвогарона даст мезананд.

Мо, мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳар шароит дар паҳлӯи Пешвои муаззами миллат ҳастем ва аз воқеаҳои моҳҳои охир дар яке аз минтақаҳои кишвар, яъне дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ омаданд, хуб огаҳӣ дорем. Дар ин замина, хуб ҳам медонем, ки гумроҳони ин ҳодисаҳо дар доираи ҳаммаслаконашон ҳаргиз ба нияти щаразноку бадӣ худ намерасанд. Шоири тоҷик Саййидои Насафӣ дар ин бора хеле рамзӣ гуфта буд, ки:

Ҳар кӣ бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

Боиси таъкид аст, ки имрӯз шабакаҳои интернет ва дигар васоити техникаи замонавӣ барои аксар ҷавонон дастрасанд. Ва мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз онҳо хеле моҳирона истифода бурда, тафаккури наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд карданӣ мешаванд, мехоханд бо ваъдаҳои ҳавоӣ эшонро ба худ моил мегардонанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон бояд донад, ки нафароне мисли Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва пайравони онҳо ба истилоҳ туршбераро хом шумурдаанд, онҳо ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд оромию осудагии кишвари азизамонро халалдор созанд.

Имрӯз мардуми сарбаланди кишварамон ба хубӣ дарк мекунанд, ки дар даврони истиқлолият бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва аз баракоти ин ҳама заҳмату талошҳо барои таъмини зиндагонии шоиста ва расидан ба ҳадафҳои бузурги миллии хеш пайваста иқдом намуда, маҷмӯан ваҳдати ормонии худро пиёда менамоянд, зеро дар марҳалаи пурҳаводису таҳаввулоти имрӯза ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ барои мардуми кишварамон беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳифзу гиромидошти ваҳдат, ягонагӣ, иттиҳод, якпорчагӣ, дӯстиву рафоқату ҳамдилӣ, ки аз рисолати аслии мардуми мо маҳсуб меёбад, бояд ҳамаҷониба ривоҷ ва чун гавҳараки чашм ҳифз  карда шавад.

Дар ин замина, пайванд ва иртиботи дӯстии мардумони саросари Тоҷикистон, аз ҷумла Суғду Бадахшон муҳимтарин тадбир ва омили муассир барои ҳифз ва нигаҳдории ин неъмати бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад.

Шарипова Мадинахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд