Он нооромиҳое, ки чанд рӯз пеш дар Ҷумҳурии Қазоқистон рух доданд, мо, аҳли зиё нафароне, ки тӯдакаши ҷомеа ҳастем бояд боз ҳам ҳушёртар созад. Зеро як кишваре ноором шуд, ки сатҳи зиндагӣ баланд ва сокинонаш дар руҳияи хуб умр ба сар доштанд.

Аммо бо айби иддае аз манфиатхоҳон дар як рӯз дар аксари мавзеҳои ин кишвари пешрафта ҷангу ҷидол, нофаҳмиҳо ба вуҷуъ пайвастанд.  Аллакай аз рӯзи дуввум эътирозгарон талаби истеъфои ҳукуматдоронро талаб намуданд ва даст ба бетартибиҳои оммавӣ зада гурӯҳҳои манфиатҷӯ халқро ҳамчун сипари боэътимоди худ истифода менамуданд. Кош мардуми бофарҳанги қазоқ аз мақсаду ниятҳои нопоку ифротгароёнаи гурӯҳҳои манфиатҷӯи радикалии динӣ огаҳӣ ёбанду садди роҳи онҳо гарданд, вагарна хонаи бо сад ранҷу уқубат ва заҳмату талошҳо обод кардаи худро ба вайрона ва боди фано табдил хоҳанд дод.

Роҳбарияти олии мамлакати қазоқ бо раҳбарии Қосим Жомарт Токаев нисбати ин қазия ситоди боэътимод таъсис намуда, аз пайи ҳалли мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба оммафаҳмонӣ шурӯъ намуданд. Азбаски тазоҳурот бо нақшаи пешакии таҳрезигардида ва характери ифротию террористиро касб карда буд, мақсаднок амалӣ мегардид. Ҳарчанд ҳайати ситод бо салоҳиятнокӣ корҳои таблиғотӣ мебурд ва эҳтиёҷи эътирозгаронро дар кӯтоҳтарин лаҳза ҳалшаванда арзёбӣ менамуд, лекин соат ба соат, рӯз то рӯз вазъият муташшаниҷтар гардид.

Ҳукуматдорони қазоқ оқибатҳои нохушоянди чунин амалкардҳои эътирозгарон ва даст доштани гурӯҳҳои террористиро дар қаламрави кишварашонро сари вақт пайхас намуда, аз давлатҳои аъзои СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ) кумак хостанд. Аз нигоҳи мо давлатдорони қазоқ ниҳоят иқдоми беҳтарину афзалиятнокро пеша карданд, ки ин иқдом ҳамҷониба ба нафъи онҳо ва сабақу омодагиҳо барои муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо бар зидди терроризму экстремизм ва сепаратизми миллӣ хоҳад буд.Тоҷикистон, ки яке аз узви давлатҳои аъзои СПАД ба шумор меравад, дар ҷараёни ин мубориза фаъолона ширкат варзида мавқеи худро дар муборизаи дастаҷамъонаи зидди терроризми байналмилалӣ мушаххас намуда, таҷрибаи чунин амалиётҳои зидди террористиро мукаммалтар месозад,ки ниҳоят хуб аст.

Воқеаҳои имрӯзаи Қазоқистон натанҳо барои бародарони қазоқ балки барои давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла барои мо тоҷикон аламовар аст. Зеро,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор рафта, дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо якдигар муносибатҳои дуҷониба доранд.

Дарду ранҷи ҷомеаи шаҳрвандии кишвари дӯст барои мо низ дарду алам аст.

Хулоса, дар ҳама ҳодисаву фоҷеаҳое, ки дар ин ё он гӯшаву канори олам ба вуқӯъ мепайвандад бармало даст доштани гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротгаро ки мақсаду ҳадафи аслиашон бенизому ноором сохтани ҳаёти осоиштаи мардум ва аз байн бурдани сохтиконститутсионии давлатдории муосир мебошад возеҳу рӯшан аст.

Аз ин рӯ моро мебояд пайваста бар зидди чунин гурӯҳҳо дар мубориза буда то нагузорем, ки чунин пастфитратон ба ҳадафи нопокашон расидагӣ намоянд.

                                   Аюбҷон Воҳидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд