Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад. Агар ба таърихи миллакти тоҷик назар кунем, ягон бор барои ғасби ҳудуде кӯшиш накардааст. Баръакс, танҳо аз аҷнабиён ба монанди Искандари Мақдунӣ, Чингизхон ва Темури ланг барин шахсон муқовимат нишон дода, хок ва ҳудуди ватани маҳбуби худро ҳимоя намудаанд. Аммо афсӯс, имрӯз баъзе аз ҳамсоякишварҳои мо ба монанди Ҷумҳурии  Қирғизистон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе аз минтақаҳо муваққатан барои истифода гирифта буданд,  акнун баргардонидан намехоҳанд. Дар урфият мегӯянд, ки чизро гирифтанаш хуб вале баргардониданаш мушкил аст. Аз ин хотир кишвари ҳамсояи мо тамоми қарорҳои яктарафа қабул намуда он заминҳоро аз они худ карданист. Аммо бо далели ҳуҷҷатҳои лозимаи солҳои замони ИҶШС ҳамаи он заминҳо ба Тоҷикистон мутааллиқанд. Ҳодисаҳои ду - се соли охир гувоҳи онанд, ки ин мардуми саркаш намехоҳанд заминҳои қонунии моро баргардонанд, ба миқдори 211 000 ҳазор га- ро ташкил медиҳад. Онҳо дар миқёси кишварҳои дунё мехоҳанд Тоҷикистонро кишвари ғасбгар муаррифи кардананд, аммо онҳо таърихро дуруст намедонанд, ки дар асл, онҳо ғасбгар. Имрӯз дар ҷаҳони муосир фазои иттилоотӣ хеле васеъ паҳн шудааст, ки ҳатто душмани кучак метавонад аз он истифода намуда дар назари мардуми ҷаҳон гунаҳкори рақами аввал шуморо муаррифӣ намояд. Аз ин рӯ месазад, ки мо низ аз истифодаи он огоҳ бошем ва барои ҳимояи манфиатҳои миллиамон мубориза барем. Тоҷикистон бо чаҳор давлати ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад ва дар тули 31 соли истиқлолияти худ бо онҳо муноқиша накардааст ба ғайр аз Қирғизистон. Доим дар расонаҳои байналхалқи худашонро бегуноҳ ва ҷабрдида нишон медиҳанд. То ба дараҷҷае расидааст, ки ин кишвар бо роҳбари “босаводӣ” худашон аз минбари бонуфузи ҷаҳони Созмони Миллали Муттаҳид шарм надошта худро масичаи бегуноҳ хонда Тоҷикистони азизи моро ғасбгар номид, ки . Аз гуфтаи бузургони ин кишвар агар огоҳӣ пайдо кунем, тоҷикон муаллимони  қирғизон ҳастанд. Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони деҳаҳои марзиро амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи осонтар кардани ҳалли масъала, имкони ба низои мусаллаҳи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад, ки  сабаби асосиаш  дахолати кишварҳои сеюм, аст, ки аз  ин баҳс фоида мегиранд . Тоҷикистон кишвари сулҷӯ буд , ҳаст ва боқӣ  хоҳад монд. Тамоми масъалаҳои пешомадаро аз таҷрибаи баланди дипломатии худ истифода намуда ҳаллу фасл менамояд ва намегузорад ки ягон пораи хоки кишвараш ба дигар давлат гузарад.

Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд