Истиқлолияти давлатӣ, Сулҳу Ваҳдат барои мо тоҷикону тоҷикистониён бо мушкилоти зиёде муяссар гардид. Ба ҳаминанаш ҳам шукр, ки ба даст омад. Имрӯз мардуми мо озод аст дар осмони софу беғубор зиндагии осуда дорад. Аммо ин ҳама дастовардҳои ҳаёти оромонаи моро бархе чашми дидан намекунад. Ҳол он, ки аксарият давлатҳои ҷаҳон бо субот ҷомеаи моро орзу доранд. Шукронаи ободии диёр намуда, қадри онро донем ба он нафароне, ки миллати моро ва арзишҳои олии онро пушти по задан мехоҳанд, бо ақидаҳои сулҳҷӯёна зарбаи ҳалокатбор занем.

Худогоҳии миллӣ ва доштани масъулияти волои  ватандорӣ касро ба мартабаҳои баланд ва зиндагии моро  хуррам мегардонад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту баромадҳояшон ба мардум таъкид менамояд, ки: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд».

Оре ҳар яки мо дар назди худ вазифа дорем, ки манфиати давлату миллатро беш аз пеш боло дониста, ба хотири ҳифзу ҳимояи он талош намоем. Барҳақ, ки Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Ватан дар сари шонаҳои Шумо ҷавонон меистад, ки мабодо онро ба замин нагузоред.”

Мо бо шукргузорӣ аз кишвари биҳиштосо ва соҳибистиқлоламон бояд ба ояндагон ганҷе аз меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ мерос гузорем, ки  ҷавонон танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал кунанд. Вазифаи қарзии ҳар як падару модар аст, ки фарзандонро барои сохибимаълумоту  донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг намудан шароити маънавӣ муҳайё созанд. Ҳамаи онҳоро қабл аз ҳама ба  руҳияи ватандӯстӣ тарбият намуда, ба хотири рӯй бар мактаб ниҳоданашон мусоидат намоем, ки мактаб макони махзани илму маърифат ва тамаддуни гузаштаву фарҳанг ва умуман ҷои муқаддас аст.

Бетараф ва бетафовут будани мардумон  ин даҳшатноктарин амал аз ҷониби эшон  аст, зеро дар ҷомеа пайдо гаштани ҳаргуна ҳаракатҳо ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ  ва беандешагии зиёиён дар умум мардумони кишвар  сарчашма мегирад.

Қарзи мо дар назди халқу Ватан аз он иборат аст, ки барои устувории пояҳои давлатдории миллиамон, ба хотири гиромидошти арзишҳои маънавию миллӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти ватандӯстӣ талош намоем. Ба диёри худ содиқ бошем, Истиқлолияту ваҳдати миллиро ҳифзу ҳимоя намоем, зеро шикасти қувваи душман танҳо дар дасти мо мардумони ватандӯсту ватанпарвар аст.

 

Қаюмова С.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд