Моро маълум аст, ки вазъи ҷаҳони имрӯза пур аз гардишу талотумҳои ваҳшонияти ифротгароён қарор дорад. Зеро аллакай ин вазъи мақоми глобалӣ гирифта, тероризму экстремизм як дараҷа реша давонида истодааст. Бо назардошти чунин вазъ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватанпараст аз он иборат аст, ки моҳияти дини мубини исломро ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллӣ ба ҷавонон фаҳмонида тавонанд. Зеро ахлоқи ҷомеаи суннатии мо динӣ аст, ки ҳеҷ гоҳ наметавон онро рад ё нодида гирифт. Пас чӣ зарурат ҳаст, ки дар асри бисту як давлати исломӣ созанд, рӯҳониёнро ба сари қудрат оваранд, ба усули давлатдории даврони феодалӣ ва тарзи зиндагии асри миёнагӣ баргарданд? Имрӯз мо бояд ба таври дастаҷамъӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, парвариши эҳсоси худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро сарватҳои маънавӣ, илму адабиёти классикии мо ва суннатҳои рӯзгори мо дар тӯли садсолаҳо ба ислом банду пайванди мустаҳкаме дорад. Имрӯз ҳар як ҷавони гумроҳгардида бояд хуб дарк намояд ва фарқ карда тавонад, ки дар кадом сохти давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ зиндагӣ ба сар бурдан беҳтар аст. Ба андешаи мо, ҷоҳилияти гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ва мубаллиғони он ва ҷавонони гумроҳгардида дар он аст, ки аз диди ислом ба арзишҳои ҷаҳони муосир назар намесозанд, ба равиши зиндагии муосир назари нек надоранд. Яъне нигоҳи динӣ ва пайравони онҳо ба ҷаҳони муосир хароб мебошад. Ҳайратовар он аст, ки тамоми қувваҳои сиёсию низомӣ ва маънавӣ, ки ҷонибдори гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ ҳастанд, зери парчами ислом ҳадафҳои нопоки хешро роҳандозӣ менамоянд, аммо нигоҳи динии онҳо ба ҷаҳони муосир ва равандҳои он дар ҳолати диди асримиёнагӣ қарор дорад. Барои дарки ин масъала набояд дур рафт, ҷавонони гумроҳ ҳодисаҳои сиёсии Афғонистон ва вазъи иҷтимоии мардуми онро маҳз дар даврони толибон пеши назар оранд, ки насли ҷавони Афғонистон ғайр аз силоҳ, ҷангу куштор дигар чизеро надидаанд. Барои ҳамин аз таъсири омилҳои хориҷӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хешро дур созанд. Зеро дар шаклгирӣ ва ташаккули ҷунбишҳои ифротгароии исломӣ омилҳои хориҷӣ таъсири муайяне доранд, ки ҷавононро гумроҳ менамоянд, аммо ҷавонони гумроҳгардида дарк намесозанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон падидаи ифротгароиро аз сар гузаронида, фарқ кардани дини мубини исломро аз ҳама зуҳуроти ифротгароӣ хуб омӯхтанд. Ҷанги шаҳрвандӣ сабақ гашт, ки мардуми тоҷик дар заминаи суннатҳо ва фарҳанги исломии беш аз ҳазорсола Тоҷикистони азизи хешро аз ҳама гуна омилҳои ифротгароӣ наҷот доданд. Аз ин рӯ, омилҳои хориҷӣ танҳо ҷавонони гумроҳро тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ифротгароӣ даъват менамоянд. Аз тарафи дигар, ҷавонон бояд пеш аз ҳама маънӣ ва моҳияти Истиқлолиятро дарк карда тавонанд, агар ба маънӣ ва моҳияти он сарфаҳм нараванд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз арзишҳои динӣ, таърихи гузашта ва муосири хеш низ ҳифз карда наметавонанд. Дар ҳаминҷо бо ҳисси баланди меҳанпарастиву масъулиятшиносӣ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос меорам: “Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд”.

Маърифат МАВЛОНОВА, мутахассиси шуъбаи кор бо ВАО, нашрияи “Меҳвари дониш”