Мардуми тоҷик аз қадим халқи сулҳпарвару ваҳдатшиор аст ва дар зиндагӣ ҳамеша ба осоишу оромиш арҷ мегузорад. Агар ба таърихи давлатдории ниёконамон назар афканем, туфайли хиради волои вай садҳо низову моҷаро бо роҳи мусолиҳаву муросо ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мубаддал гардидаанд. Таҳаммулпазирӣ ва сабру фурӯтании миллати тоҷик, ки дар хуни тоҷик ҷорист,  бурди азалии ӯст ва ҳамин хусусият мудом ба саодату хушрӯзиҳои халқ боис шудааст. 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар даврони навини давлатдории кишвар миллатро имтиҳони сахту ҷиддие пеш омад ва бори дигар хиради азалии вайро дар санҷиш гузошт. Аз тағйирёбии вазъи сиёсии кишвар сӯистифода карда, гурӯҳе аз манфиатхоҳон – душманони миллат кишварро ба ҷанг кашиданд. Хушбахтона, иродаву хирад боз ҳам ғалаба кард ва ваҳдати миллӣ даст додаву ба зиндагии тозаи осоиштаву пурсаодат замина гузошт. Вале пайомадҳои ин ҷангу хунрезиҳо солҳо рушди кишварро ба қафо кашид, ба ҷомеа аз ҷиҳати моддиву маънавӣ зарари ҳангуфт расонид.

Дар ин росто, хидматҳои мондагори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба туфайли ҷоннисориҳояшон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ халқ унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистааст, бояд ҳамаҷиҳата омӯхта, мавриди пайравии наслҳои имрӯзу оянда қарор гирад. Муҳимтарин хидмати Пешвои миллат даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ, ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил, аз хатари  парокандагӣ раҳонидани кишвар, ҷорӣ намудани низоми мукаммалу муосири давлатдории миллӣ ва ба ҳам овардани миллат мебошад, ки шоёни таҳсин ва ибрат аст.

Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу оромӣ дар кишвар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ даст дода, сатҳи некӯаҳволии халқ куллан беҳтар гардидааст.

Хулоса, сулҳу ваҳдат омили асосӣ ва муҳими таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ватандӯсту хештаншинос ба ҳисоб меравад. 

Аминов Фаррух, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд