Дар доираи таҷлили 74- умин солгарди Рӯзи Ғалаба алайҳи Германияи фашистӣ бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони донишкада санаи 8 – май дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо ҷанговарони интернатсионалистӣ доир гардид.

Содиқов Комилҷон, раиси Шӯрои иттифоқи интернатсионалистони вилоят зимни баромад зикр дошт, ки 30  сол қабл ба мулки Афғонистон дар қатори садҳо ҷавонони шӯравӣ ҷавонони тоҷик низ ба ҷанг рафта, 87 нафар дар ҷангҳо қурбон шуданд.  Аз миёни фиристодаҳои вилоят 67 нафар соҳиби ордену медалҳо гардида, як нафар, Набӣ Акрамов аз шаҳри Истаравшан бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуд.

Шавкат Шарипов, номзади илмҳои таърих, дорандаи ордени сурх, ҷанговари интернатсионалист аз оқибатҳои ҳузновари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба гирдоби ҷанг 72 давлат ғӯтавар гардида, 110 миллион ҷанговар дар он ширкат варзид. Мутассифона, беш аз 65 миллион нафар дар ин ҷанг қурбон шуданд. Аз мамлакати паҳновари шӯравӣ бошад, беш аз 27 миллон аҳолӣ фавтиданд. Аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар дар ҷанг ширкат варзида, 65 ҳазор нафар ба унвонҳои баланд соҳиб гардиданд.

Навори омодакарда ва бахши фарҳангии донишҷӯён бозгӯи арҷгузорӣ ба заҳмати бобоён маҳсуб меёбад. Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.