Дар сомонаи «Паём.нет» санаи 23 октябри соли 2018 баёнияе оид ба вазъи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” чоп шудааст. Аммо дар асл ин суханони пур аз дурӯғ ва бофтаву хаёлии роҳгумзадаи ТЭТ ҲНИ мебошад. То кай чунин фирефтакунии мардум давом меёбад? То кай душманони халқ бар зидди давлат суханони беҷову бемантиқ мебофанд? Авомфиребӣ ва дурӯғ то кай?

Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати осоишта, дар фазои сулҳу оромии босубот зисту зиндагӣ дораду ба қадри ҷонфидоии қаҳрамонони Ватан мерасанд.

Тоҷикистони мо ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мақому манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ дорост. Тоҷикистон гарчанде ҷавон бошад ҳам, тавонист масъалаҳои дохилидавлатии худро ҳал намуда, фазои орому осударо ба миён орад.

Мутаассифона, бо мурури замон  дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои баъзе нафарон он қадар писанд нест. Эшон  бо ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд.  Ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд. Ин гуна афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро бо фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд.

Аз муносиботи хуби Сарвари давлати Тоҷикистон ва аълоҳазрат Оғохон тамоми мардуми Бадахшон огоҳ аст ва пояҳои муносибат дар тўли солҳои дароз устувортар шудааст. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон кори дигар надорад, ки ба ҳар гуна қазияи росту дурўғ дахл кунад ва вақти қиматашро барқадар бидиҳад. Ташриф наовардани ўро ба минтақа нишони эътироз донистан иштибоҳе беш нест. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба ин симои бузурги сиёсию фарҳангӣ арҷ мегузорад ва иқдомотеро, ки солҳои тўлонӣ дар Бадахшон пиёда кардааст, ҳаргиз фаромўш намекунад.  Аммо гурўҳҳои манфиатхоҳ ҳатман ба ин масъала «расидагӣ» мекунанд ва ҷиҳати афрўхтани оташи ихтилофоти мазҳабӣ ва маҳаллӣ аз политтехнологияи дасисаю дурўғ истифода мебаранд

Баёнияи созмони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» (дар асл ТЭТ ҲНИ), ки   дар сомонаи «Паём.нет.» ҷой дода шудааст,    далели гуфтаҳои болост. Дар сароғози баёния омадааст, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон  дар макони орому осуда вазъияти ноором ба миён овардааст. Вазъиятеро, ки дар Бадахшон хунрезӣ ва кушторҳои пайдарпайро ба вуқуъ меорад. Магар мақомоти Тоҷикистон метавонад “хунрезӣ” ва “куштор”- и мардумашро роҳ диҳад? Тоҷикистон метавонад сулҳу ваҳдати бо ҷонбозиҳои фарзанди миллат ба дастомадаро несту нобуд намояд? Ақли кадом инсон ин гапро қабул медорад, ки мақомоти Тоҷикистон бар зарарари худ кор мекунанд? Охир дигар ин  мамлакат бесоҳиб нест.  Сарвари тавоно дорад ва намегузорад, ки ба кӯчактарин ҳаракати қувваҳои чӣ дохилӣ ва чӣ берунӣ ҷиҳати норром сохтани вазъи ҷомеа роҳ дода шавад.

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ боварӣ доранд. Маҳз ин шахсият буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод. Мардонагӣ ва ҷонфидоии вайро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Маҳз ин шахсият буд, ки бо хиради азалии хеш дар он замони сахту душвор аз гуноҳи мухолифини силоҳбадаст, ки ҳазорон одамони бегуноҳро ба қатл расондаанд, гузашта, бо онҳо сулҳ баст.

Умедҷон Мақсудов,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ