Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз хатарҳои асосӣ барои инсоният маҳсуб меёбанд. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин вабои аср рӯ ба рӯ аст. Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз ҳама тағйирёбии вазъи сиёсӣ, иқтисодию амниятии ҷаҳон ва дар гӯшаҳои гуногуни фаоли идома ёфтани нооромию низоъро дарк карда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2017 қайд намуданд:»Дар ин давра зиёда аз 100 давлати  дунё мавриди ҳамлаҳои ғайрииисонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт »  Пешвои миллат дар таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ манфиатдор ва ҷонибдор будани давлати Тоҷикистонро иброз доштанд.

   Ҳадафи  қувваҳои пешбар, хатарзо ва таҳдидовари терроризм, намояндагони зархариди ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкумшудаю эътирофнашуда,  даҳшатафканию куштор, ифротгарию тундгароӣ, зӯрию тахрибкорӣ аст. Аз садою симо, воситаҳои ахбори омма мо ҳар рӯз шоҳиди манзараҳои қатлу ғорати бачагон, занону духтарон, аҳолии осоишта, ваҳшонияту кирдорҳои бешарафонаи ин гӯрӯҳҳо мегардем. Новобаста аз он ки ин доираҳои экстремистӣ ба тамоми инсоният хатарҳо эзод кардаанд, иддае аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба сафи онҳо мепайванданд. Аламовар он аст, ки чунин ашхос дидаву дониста фирефтаи шиору мақсадҳои нопоки гӯрӯҳҳои даҳшатафкан гаштаанд. Ба назари мо камсаводию нодонӣ, роҳи дурусти зиндагиро надонистану наёфтан, ба душвориҳои муваққатию муқаррарии ҳаёт тоб оварда натавонистан, нокомиҳои зиндагӣ, набудани ҷойи кору ихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат, роҳи осони кор кардани маблағ, яккаву танҳо мондан рӯ ба рӯйи мушкилот, рафтан  ба муҳоҷирати меҳнатӣ омилҳои асосии пайвастани ҷавонон ба гӯрӯҳҳои моҷароҷӯю ифротианд. Давлату ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи хатари ин вабои аср барои пеши роҳи онро гирифтан чораҳои қонунӣ меандешад. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки бо нишондоду маблағгузории хоҷагони берунии хеш амал мекунанд, амнияти мардуму давлатро халалдор менамоянд, мамнӯъ эълон шудаанд. Ҳалқи шарифи Тоҷикистон сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакатро пурра дастгирӣ ва тарафдорӣ мекунад. Ба қувваҳои ифротӣ дар миёни мо ҷой нест! Оилае дар маҳаллаи мо зиндагии осуда,тинҷу ором  доштанд. Ҳама бо меҳнати ҳалол мезистанд. Ба ягон ҳизбу ҳаракате майл надоштанд.Мушкилӣ ҳамон вақт пеш омад, ки фарзанди хурдиашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия сафар кард, то ки барои пешбурди рӯзгори хоксоронаи аҳли оила ҳиссагузор шавад. Бо дарёфти маблағи муайяне соҳиби манзили алоҳида ва шавад  оила барпо намояд. Вале ҳайҳот....

   Аз ноогоҳӣ, ноустуворӣ ва зудбоварӣ, бехабар аз нияти нопоку ҳиллаю найрангҳои зархаридони гурӯҳҳои ифротӣ ба доми онҳо, ки чун лошахӯрони  макони ифлоси вайрона интизори тӯъма буданд, гирифтор шуд. Гумоштагони  ин ташкилотҳои  мамнӯъ, ки баъдтар маълум шуд, ки мубаллиғони ҲНИ одамонро бештар ба сафи онҳо ҷалб намоянд, аз хоҷагони хеш бисёртар маблағ мегирифтанд. Бо фиреб, зӯру тааддӣ, афсонаҳои  озодию демократия, муҳайё будани  шароити хубу ҷоӣи кор  ҷавононро фирефтаи ниятҳои нопокашон мекарданд. Гумроҳӣ ба фалокат мебарад, қисмати шахсро ба фоҷиа наздиктар мегардонад.Ҷойи бегона ҳеҷ вақт ба касе хушбахтӣ намеорад.

   Терроризм, ки мувофиқи фармудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватан, миллат, дину оин надорад, мақсади ниҳоии он ба ҳаросу таҳлука андохтани мардум,  зӯрию хушунат, хонавайронӣ ва харобкорӣ мебошад.Ҷавонон набояд ба роҳи хато раванд, чаро ки роҳи нодуруст ба хорию зорӣ, мутеъгӣ, коҳиши ёфтани шаъну шараф, аз даст рафтани обрӯю эътибори худи шахс, оилаю хешу ақрабо, парешонию нотинҷии оилаҳои хушбахт, боиси тарки Ватан, ҷудоию бадбахтии фарзандон, гирифтори ғарибӣ, ихтиёран хешро ба коми оташ партофтан, ниҳоят ба марги ногузиру маҷбурӣ мебарад.

  Дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хавфноку ҷиноятпеша дар қатори ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ мактаб низ муаззаф аст. Касе ҷинояткор таваллуд намешавад.Ҳамаи фирефташудагон дар оилае, мактабе таълиму тарбия гирифтаанд. Аз ҷамъият низ дур набуданд. Шояд ягон ҷиҳати тарбияи фиребхӯрдагон аз доираи назари мо берун мондааст, дар ҳалли дурусти масъалае дар ғафлат мондаем ё ба иштибоҳе роҳ дода бошем. Талаба аз рӯзи қадамҳои аввалинро ба остонаи мактаб гузоштан бояд аз ҷиҳати маънавӣ сиёсӣ, ҷисмонӣ, илмӣ ва иттилоотӣ ба таълиму тадрис фаро гирифта шуда бошад. Мактаб  бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бо оила дар тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии бачагон мавқеъ ва мақоми созгор дошта бошад. Ҳар соату дақиқа дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзию нисфирӯзӣ, дар дарсҳо, соатҳои тарбиявӣ ва корҳои тарбиявӣ, дар ҷамъомаду маҳфилҳо, вохӯриҳо  бо падару модарон бо иштироки намояндагони  сохторҳои қудратӣ, баромадҳои омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба назди талабагону волидайн, ҳангоми сӯҳбатҳои инфиродӣ бо хонандагони душвортарбия ва  беҳудагард  доштани алоқаи зич ва ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон ва хонаводаҳои осебпазир бояд  пешорӯи фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорону мактаб қарор гиранд. Бачагон ҳангоми мактабхонӣ ба касбу   ҳунаромӯзӣ, интихоб ва аз худ кардани ихтисосҳои гуногун ҳангоми мактабхонӣ имкон доранд. Агар хонанда аз ҷиҳати  сиёсию ахлоқӣ обутоб ёфта бошад, ҳеҷ вақт  ба равия  ва ташкилотҳои  хатарнок  майл намекунад.Зеро медонад, ки оқибати амали  нодурусташ   ба костагии  ахлоқ, хиёнат ба Ватан, маҳрумӣ аз озодӣ ва маҳрумиятҳои дигари маънвавию иқтисодӣ оварда мерасонад.

   Фаъолияти мактаб бояд, ба он равона карда шавад, ки дар ҳастии талабагон, ҳаёту зиндагии онон фазои холӣ намонад. Хонандагон  бояд некро аз бад, сулҳу суботро  аз ҷангу низоъ ва нооромию ноамнӣ, ватанхоҳию ватандӯстӣ, муҳаббату садоқат ба халқу  миллатро аз носипосӣ, обрӯю эътибори  некро  аз лаънату нафрати халқ, муҳаббатро  аз хиёнат, ободию ободкориро аз харобкорию вайронӣ, покиро аз бадниятию бадахлоқӣ, дӯстиро аз бухлу кина, бедории фикриро  аз тирагии ақлу шуур фарқ карда тавонад. Боварӣ ба ояндаи неку  дурахшонро нисбати яъсу навмедӣ, риояи қонун ва волоияти онро аз ҷинояту ҷинояткорӣ, инсондӯстию халқпарвариро аз одамбадбинию одамфиребӣ, бартарии ахлоқи арзишманди гузаштагону имрӯзиёни халқи тоҷикро нисбати пайравию парастиши  ахлоқи бегонагон, волоияти арзишҳо ва  манфиатҳои ғоявии  давлатию миллиро  нисбат ба арзишҳои мазҳабию динӣ,эътиқодро аз нобоварию шубҳа, далерию шуҷоатро аз нотавониву тарсуи, ҳаёти орому осоишта дар кишвари  азизу баробар ба  ҷон Тоҷикистонро беҳтар доштани хонандагон шарти зарурист. Инчунин онҳо бояд   ақидаҳои авомфиребонаю каромотҳои бебунёду сохтаю бофтаи намояндагони неруҳои манфиат хоҳи  ташкилотҳои давлатҳои Шарқу Ғарбро аз ҳақиқати растин  фарқ карда тавонанд. Бехабарӣ аз гуфтаҳои боло бачагонро  ба сӯӣи ҷиноят, фалокат, хушунат, маҳрумиятҳо  мебарад.Хуб мебуд агар  наврасон  дар  симои мактаб, оила, ҷамъият маслиҳатгар, мададгор, раҳнамо ва такягоҳи хешро  ёфта  ва дида тавонанд. Дар  ҳолати  таъсиррасонӣ бо роҳу воситаҳои  гуногун аз тарафи  мактабу оила, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои дигари  давлатӣ ҷинояту  ҷинояткорӣ кам гашта, ба  пешгирӣ кардани  майли ҷавонон ва  дохилшавии  онҳо  ба ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳои динию ифротии номатлуб муваффақ шуда метавонем.

Бойматов Тоҷибой Эргашевич,

номзади илмҳои техникӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд