Дар зарфи солҳои охир ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо кирдорҳои ғайриинсонӣ вазъи сиёсии ҷаҳонро пуртуғёну пурталотум гардонида, зиндагии ороми мардум ва амнияти кишварро зери хатар мегузорад. Имрӯз терроризм ба бозии хавфноки хунин мубаддал гардидааст, ки мутаассифона, ба он ноболиғону ҷавонон ҷалб карда шудаанд. Аз диди муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тасрифу таҳлили мафҳуми “терроризм” қоидаҳои мухталиф вуҷуд доранд ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назари худ таҳлилу тавсиф намудааст. Яқин аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, он боиси ба амал омадани натиҷаҳои нохуш, яъне таҳдид ва ё зӯроварӣ, расонидани зарари рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии мамлакатҳо, ғасби ҳокимият, бавуҷудоварии тарсу воҳима дар ҷомеа, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Дар ҳақиқат, пеш аз ҳама, ҳаракатҳои террористӣ хусусияти зӯроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист тамоми амалҳои зикргардидаро ҳамчун усули асосии ноил гаштан ба аҳдофи ғаразноки хеш қарор медиҳад.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди, таъмини амнияти

миллӣ дучор омад. Ҳангоме ки китоби таърихро варақгардон менамоем, ба саҳифаҳое во мехӯрем, ки онҳо бо рангҳои сиёҳ сабт гардидаанд, ки пур аз ҳодисоти даҳшатангезе будаанд. Падидойи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳаводиси марбут ба ҷанги

шаҳрвандӣ дар сарзамини мо дар солҳои 1992 – 1997 мебошанд. Замоне мардуми тоҷик онро ба мушкилие паси сар кардаанд. Албатта, вазнин аст, дидани ашки модарон ва гиряҳои хурду бузургон. Ин саҳифаҳои сиёҳ дар хотири мардум чунон сабт гаштааст, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир

зудуда намешаванд.

Солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ байни, махсусан, ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳаёти инсоният мебошад, ки оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ мерасонад. Экстремизм байни ҷавонон на танҳо ба низоми ҷамъиятӣ хавф дорад, балки ин амал бештар ҷинояти вазнинро низ ба миён меорад. Раҳгум задани насли ҷавони ҷомеа,  қурбонии амалиётҳои нопоки террористон  гаштани онҳо ҳама аз саводи сиёсии кофӣ надоштани ҷавонон дарак медиҳад. 

Имрӯзҳо барои ҷавонон ҷиҳати омӯзишу таълим ва рушди касбии онҳо кулли шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳар яки ҷавонон бояд аз ин вақти муносиб босамар истифода бурда, илму адаб омӯзанд, соҳиби касб гарданд ва ба ҷомеа на ин ки зараррасон, балки мададрасон бошанд. Дар баробари ин боз ҷавононе пайдо мешаванд, ки ба қадри заҳматҳои кашида намерасанд. Кӯр–кӯрона ба ҳар корҳои нохалаф даст зада, баъдан афсӯс мехӯранд. Лекин “пушаймонӣ надорад оқибат суд”...

 

Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд