Ҷавонӣ давраи ҳассосият, давраи шӯру шар, давраест, ки сарнавишти онҳоро ба сӯи мурод мебарад ё ба сӯи фано. Албатта дар камолоти маънавии ҷавонон нақши волидон, аҳли ҷомеа хеле калон аст. Агар мо хоҳем, ки хонаи худ, ватани худро бо саодат бинем, пас моро мебояд, ки ба ҷавонон ҳамчун машъалафрӯзи ҷомеа муносибат кунем. Ягон лаҳза нагузорем, ки онҳо ба шуғли беманфиат сарукор гиранд.   Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризму ифротгароӣ мебошад, ки ба он бештар ҷавонони ноогоҳ гумроҳона шомил мешаванд.  Мо тавссути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки  давлати Исломии Афғонистон дар чи аҳвол аст, фишор, хунрезиҳои зиёд, зарар ба давлат, ки халқи оддиро ба гуруснагию фавт оварда расонидааст. Гурӯҳҳои террористию эктремистӣ, ки бо сад ҳиллаву найранг  худро ғамхору дилсӯзи миллат нишон медиҳанд, ғайр аз зарар овардан ба миллату давлат мақсади дигар надоранд. Ин гурӯҳҳои зарарасон дар зери шиорҳои бофтаю хаёлӣ фирефтаи таълимоти гӯё динӣ ҷавононро даъват намуда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва ҷавонон, ки ҳассостарин табақаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз рӯи камсаводӣ баъзеи онҳо фирефтаи чунин гурӯҳҳо мешаванд. Мо ҷавонони боору номуси кишвар,  ояндасозони давлату миллат бояд нагузорем то чунин шахсон бо найрангбозиҳои худ ба давлату миллати мо зараре расонанд. Таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриҳояшон бо ҷавонон пайваста “Ҷавонони мо бояд зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд”- мегӯянд хеле ба маврид аст ва ман як ҷавони даврони соҳибистиқлоли кишвар, ки дар як давлати ободу зебо умр ба сар бурда истодаам,  ҳамаи ҷавонони боору номуси кишварро  даъват менамоям, ки  гурӯҳҳои характери террористию экстремистидоштаро маҳкум намуда, пайваста дар фикри корҳои ободонию созандагии кишвари азизамон- Тоҷикистон шудан лозим. Имрӯз вазифаи мо ҷавонон нигоҳдории дастоварди бузургтарини кишвар истиқлолият, пойдории ваҳдату ягонагӣ, ҳимояи ватан, донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, ободу боз ҳам зебо намудани кишвари азизамон бошем.

Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд