Қарни XXI пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо гаштааст, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариши терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарафзо мебошад. Айни замон амалҳои марбут ба террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар самти мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфта истодааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Таассуфовар он аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Чӣ хеле ки аён аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин равияҳои номатлуб Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Ин муаммо дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор хулоса миёни тамоми мардуми солимақлу равшанфикр қарор гирифтааст. Баҳри пурра аз байн бурдани ташкилоту созмонҳои террористиву террористон бояд тамоми узви ҷомеа муттаҳид гардад.

Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ аз ҷумла ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ошкору бартараф намудани ин гуна амалҳои номатлуб танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат, бахусус, қишри ҷавони кишвар, мебошад. Мо, ҷавонон, хуб дарк мекунем, ки  дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Ҷавонони ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд.  Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо, ҷавонон, ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

 

Турсунова Ш.Т., омӯзгори ДПДТТХ