Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дар ҷомеаи имрӯза  дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем. Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем. Ҳар як инсон Тоҷикистони азизамонро мисли гаҳвараки чашм нигаҳ доранд.

 

Одилов З.Р., устоди ДПДТТХ