Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Мусалламаст, ки  терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи  зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, беинтизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарураст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто  дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеа башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмондодашуда, сармоягузорӣ мегарданд ва боистифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд,оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Бояд қайд намуд, ки одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки хоҷагонашон мефармоянд  дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба «биҳишти ваъдагӣ»мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсубмеёбад.

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллиионҳо шарик аст. Яъне, ӯ бевосита дар муқобили давлати худ бар зиддиватани худ ва дар душман бамиллати худ қарормегирад. Ҳамин тавр, ӯ  бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!

Омилҳои гароиши бо суръати бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта, паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ, бештар шудани тафовут ва сатҳи зиндагии кишварҳои ҷомеа, талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд будааст.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Аз ин рӯ қобили таъкиди хосаст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд. Худи ҳамин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини Ислом ба зоти худ сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад. Пас мо агар заррае ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем, байни ину он тафовуте мегузорем.

 Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд