Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Мутаасифона, баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, ки ин боиси нороҳатии аҳли ҷомеаи кишвар аст. ҳамчунин, гурӯҳе аз хориҷи мамлакат истода, нисбати ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо суханҳои носазо ва иттилооти бардурӯғро паҳн менамоянд.

ТЭТ ҲНИ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ), ки чун ҳизби ифротӣ шинохта шудааст, акнун бар рӯи сиёҳи худ ниқоби нав ба бар намуда, худро ҳомии озодӣ ва демократия унвон кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аъзои он аз худ қаҳрамонтарошӣ намуда, худро дар нақши ҳомии адолат меҳисобанд. Лек аз таъриху гуноҳҳои содиркардаи худ бехабаранд. Бинобар ин аз падару модарон,кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунем, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд. Зеро, афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремисту террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бадтар аз он, ҷавонони ноогоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ афтода, ҷони ҷавони худро ба хотири манфиати гурӯҳӣ ё шахсони бегона дар гарав мемонанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни онҳо аз кишвари мо ҳам ҷавонон дида мешавад. Мо бояд ба ҷавонон ҳақиқати ҳолро фаҳмонем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Зеро, сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд, ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд