Барои мо, ки аз наздик ҳадафҳои пардапӯшонаи роҳбарони ҲНИ, ки аслан ғуборолуди бегонапарастӣ буд, аз аввали таъсисёфтанаш ҲНИ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон сафи худро аз ҷавононе пур мекард, ки асосан аксари онҳо дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ё нахондаанд ё хонда натавонистаанд. Роҳбарони ҲНИ бо истифода аз ин ҷавонони дар асл “босавод”, ки фақат баъзе аз оётҳои қуръони азимушаънро ба мазмуни аслаш сарфаҳм нарафта аз худ кардаанд тавонистанд, ки ҷанги бародаркушро дар ҷумҳурии азизамон ба вуҷуд оранд. Имрӯз баъд аз гузашти солҳои зиёд ман бори дигар боварии комил ҳосил намудам, ки ҳамаи роҳбарони ҲНИ аз хориҷа идора ва аз хориҷа маблағгузорӣ мешудаанд. Агар гуфтаҳои банда ҳақиқат надошта бошад, чаро кабирию думравонашро дар хориҷӣ кишвар ба воситаҳои ахбори умум роҳ медиҳанд, ки ӯ суханфурӯшиву сафсатагӯиҳои гӯшношунидро нисбати ватану сиёсати дохилаи давлати мо баён месозад? Ва ё чаро бо кӯмаки ӯ (Кабирӣ дар назар аст) Ҳоҷи Назар, ки дар мақоми хело баландаш Вазорати Мудофиа кор мекард ба табаддулоти давлати бо тарзи мусаллаҳона даст зад? Ҳамаи ин гуфтаҳои ман аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи роҳбарони ҲНИ таълимоти диниву сиёсиро дар хориҷа гирифтаанд ва нияти онҳо нопок буда, ҳеҷ алоқамандие ба дини муқаддаси ислом надорад. Агар онҳо дар асл аз Худо метарсиданду Қуръони азимушаъни ӯро эътироф мекарданд, ду маротиба дар қаламрави Ҷумҳурӣ хуни ҷавонони нозанини Тоҷикистониро бо роҳи фиреб намерехтанд ва мардуми тоҷикро куллан мотамзада намекарданд. Ман ба ҷавонони ғаюру арҷманди ватани азизам муроҷиат намуда иброз доштаниам, ки ҳеҷ гоҳ роҳбарияти ҲНИ бо дилу нияти пок аз арзишҳои волои ислом ҳарф назадаанд ва дар оянда ҳам суханони асли исломиро гуфтани нестанд, чунки онҳо дар назди хадамотҳои махсуси ҷосусони хориҷӣ таълим ва раҳнамоӣ гирифтаанд ва ба мақуртоне табдил ёфтаанд, ки ба онҳо миллату ватану модар дар назди ҳидоятҳои роҳбарони пасипардагиашон ҳеҷ эътибору мазаллате надоранд. Бинобар ин ҳеҷ гоҳ ва дар оянда ҳолат аз зебо сухан гуфтану муғризона аз оятҳои Қуръони мисол овардани онҳо бовар накунед. Онҳо гандумнамову ҷавфурӯшанд. Ҷавонони мо имрӯзҳо хело бедортару зирактару хештаншиносу ватандӯст гаштаанд, ки ба ҳар гуна суханони беасосу бепоя ва ғаразноку буҳтаномез, бовар намекунанд ва имрӯз дастовардҳои беназири ватанро дар ҳамаи ҳаёти ҷомеа дида, хулоса бароварда дар атрофи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли – Пешвои Миллат, Президенти муҳтарами кишвар ҳамчун ҷону тан муттаҳид гаштаанд, ки дигар ҳеҷ гуна тарғиботҳои дурӯғин ва баромадҳои ба монанди мор афзункунандаи роҳбарони (ТЭТ) ҲНИТ бо зеҳну тафаккури онҳо таъсир нахоҳад кард ва баръакс меҳру муҳаббати ҷавонон ба Ватану Пешвои арҷманди ман боз бештару амиқтар гашта истодааст. Дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву варзишӣ ба дастовардҳои беназир дастёфтани ҷавонони тоҷик гувоҳи гуфтаҳои моянд.

 

Акбаров Акбаров,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд