Дар ин иртибот мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу воситаҳои он ба таври мушаххас ва муътамад дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тарроризм барои солҳои 2016 – 2020” инъикос ёфтааст.

       Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ин равияи манфур муборизаро пурзӯр намоем ва бар зидди намояндагони ҳизбҳои “ватандӯстон”- бо ном наҳзати Ислом ки имрӯз дар хориҷи кишвар истода мисли рӯбоҳе , ки аз пасмондаи шер худро сер мекунад аз маблағҳои пучаки хоҷагони хориҷии худ истифода карда барои амалҳои  нопоки худро дар давлати тинҷу ороми мо нооромиро ҷорӣ карданӣ ҳастанд вале мо ҷавонони саодатманди замони истиқлол ба ҷавонҳои тамоми тоҷик ки дар амоми гӯшаву канори олам зиндагӣ мекунанд даъват ба амал оварда мегӯем, ки ба суханони ин гуна шахсони “хонашерони майдонғариб”- берун аз ватан бовар накунанд ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамон Мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бошанд ва дар пешрафту ободонии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд  .

       Имрӯз баӣни ҷавонон тавассути телефонҳои мобилӣ ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии интернет анъана шудааст. Доир ба ин мавзӯъ низ ҳангоми гузаронидани маҷлиси падару  модарон борҳо таъкид карда шуд, ки фарзандони худро зери назорат нигоҳ доранд. Моро зарур аст, ки тафаккури ҷавононро ба сӯи ақидаҳои солим, созандагиву касбомӯзӣ мутамарказ сохта, дар шаклгирии шахсияти онҳо ва самтёбӣ дар дуроҳаи зиндагӣ, ки яке аз адолат ва дигаре аз ҷаҳолат иборат аст, кӯмак намоем.

        Метавон бо итминони комил иброз дошт, ки бо равона кардани тафаккури ҷавонон ба сӯи донишу касбомӯзӣ, ободгариву созандагӣ мо ба саодати комил мерасем, ҷумҳуриамонро аз хавфу хатарҳои глобалӣ ва эктремистӣ наҷот медиҳем ва ояндаи Тоҷикистонро ба дасти нафарони худогоҳу хештаншинос месупорем.

        Террорист, ки кушандаи шахсони бегуноҳ аст, ҳеҷ гоҳ мусулмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.

        Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дини Худо аз тарафи афроди ҷиноятпеша рӯйпуш карда шуда истода, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамояд. “Ин ташвиқгарони ифротӣ ҷавононро барои иштирок дар амалиётҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия ва Ироқ ё худ замини Шомро натанҳо бо хизмат ба дини Худо ва ваъдаҳои дунёи охирати биҳиштӣ, балкӣ инчунин бо ваъдаҳои зару зевар, маблағҳои калон диққаташонро ҷалб менамоянд. Ҳамватанони мо, дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он дар муҳоҷират, ки сатҳи дониши номукаммал, ҷаҳонбинии танг доранд ва дар ташвиши ёфтани сарчашмаи даромади устувор ҳастанд, ба ин ваъдаҳо бовар карда рӯ ба гумроҳӣ меоранд.” Боиси таассуф аст, ки баъзе аз созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ кардани созмонҳои террористиву ифродгаро ба монанди маблағгузорӣ намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷа барои ноором сохтани сулҳу ваҳдати мустаҳками тоҷиконро, ки бо муборизаю ҷонфидоиҳои фарзандони баруманди ин миллати куҳанбунёд ба даст оварда шуда буд дар соли 2014 хостанд ки табаддулоти давлатӣ гузаронанд ба назар гирифта шуд, аммо ҳомиёни ватани азизи мо садди роҳи ин хиёнаткорони хоҷапарастро гирифтанд ва оромии давлати азизамонро пойдор гузоштанд. Поймолшавии ҳуқуқи инсон, бад шудани аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд ки ин бераҳмии бузург аз ҷониби шахсони пулпараст нисбат ба мардуми одии бегуноҳ мебошад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмиллалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. “Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем”.

       “Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмиллалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандози намудани тафтиши байналмиллалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмиллалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигараш хоси ба тероризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.”

       Бо итминони комил метавон гуфт, ки оиди фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирӣ намудани зуҳуроти эктремистӣ ва террористӣ дар баӣни ҷавонон, дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.

Норов Исматулло, асистенти Кафедраи Забони давлатӣ ва  ҷомеашиносӣ