Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила аст.

Мавзӯъи интихобшуда ҷамбаъҳои мухталифи марҳилаҳои тарбияи ҷавононро фарогир аст. Чунки имрӯзҳо падару модарон марҳилаҳои тарбияи ҷовонро мувофиқи талаботҳои гузариши синусолӣ ба роҳ намемонанд. Ҷовонӣ навбаҳори умр аст ва онро метавон ба се бахш ҷудо намуд: даврони нахустини ҷавонӣ, даврони миёнаи ҷавонӣ ва даврони вопасини ҷавонӣ, ки ҳар бахш аз тарбиятгар роҳҳои мухталифи тарбиятро талаб менамояд.

Чавонӣ давраи хӯрӯҷи ҳам нерӯи ҷисмонӣ ва ҳам нерӯи ақлонист; аз ин рӯ, ҷавон ба хештангарои мекӯшад ва оне ки ҷаҳд ба хештангароӣ дорад, наметавонад хушзеҳн бошад.

Аз ин лиҳоз падару модарон хатои бузург мекунанд, ҳангоме, ки дар тарбияи ҷавон аз ҳамон роҳи дар тарбияи кӯдак истифодашуда кор мегиранд. Чунки вақти шудгору вақти кишту вақти дарав дигар аст.

Кӯдаке ки дар хурдсолӣ ҳарфи падару модарро ду намекард, дар ҷавонӣ метавонад ба онҳо боварнакунаду фармон набарад. Падару модарон бояд инро дарк кунанд ва фарзандро дар ҷавонӣ ислоҳ созанд. Агар падару модар бар сари ҷавон назари худро боркунанд, вай нахуст вонамуд месозад, ки бо онҳо мувофиқ аст, оммо дар давраи дуюм аз онҳо канора мегирад, дар давраи сеюм ба баҳсу мунозира меоғозад, онҳоро рад месозад.

Ҳангоме, ки ҷавон ба давраи вопасин мерасад, дигар мустақил аст ва ба раҳбарии падару модар наметавонад умед баст. Ин ҷо онҳо ноилоҷ ҳастанд бигзоранд ӯ роҳашро, дуруст аст ё нодуруст, худ интихоб кунад.

Шояд аз сад як ҷавон тавонад роҳи дуруст интихоб кунад ва аз сад панҷ тан дар торики роҳи худро ёбад, аммо наваду панҷи дигар бо сабаби набудани раҳнамо раҳгум мезанад. Аз ин рӯ «қонуни масъулия падару модар дар тарбияи фарзанд» сари вақти аст. Чуноне, ки зиндаги баҳрест, ки шино кардан дар он душвор аст ва он гуна ки ҳангоми саёҳат дар баҳр раҳнамо даркор аст, ҳамчунин ҳангоми ҷавонӣ бе раҳбар ба мақсад намерасем.

Ҳангоми раҳнамоӣ ба ҷавон тавсиф додани чи гуна андеша  кардану андеша рондан ниҳоят муҳим аст, то ки ӯ тавонад аз он дунболагирӣ кунад ва пайрави он бошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки рӯҳияи озоде, ки дар беадаби ҷилва мекунад, дур аз зебоӣ сат. Хуб аст агар ҷавон пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек дошта бошад, зеро озоди бидуни эҳтиром зебо нест.

Аммо ин гуфтаҳоро дар ҷамъияти имрӯза ҷори намудан то ҷойе мушкилҳо пеш меорад. Мушкилотҳое, ки барои пиёда гардонидани равандҳои тарбияи ҷавонон ин пеш аз ҳама нокифояги маърифати фарҳангӣ, омӯзишӣ ва сиёсии тарбиятгарон мебошад.

Чунки дар тани ҷавон нерӯи зиёде зода мешавад, ки дар ҷомаи эҳсос ва шавқу ҳавад ҷилва мекунад. Агар падару модар чи гуна истифода аз онро надонанд, ҷавон метавонад аз он сӯистифода кунад. Сӯистифода аз нерӯ ҳадду ҳудуд надорад, он гуна ки имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мешавад ва ҳеҷ гуна кӯшише наметавонад пеши роҳи онро бигирад (ишора, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои ифротӣ). Васвасаҳое, ки ҷавонро ба сӯи худ мекашад, бешуморанд. Бинобар ин, бахши муҳими омӯзиши ҷавон он аст, ки чизҳоеро ба сӯрати садо бояд фаҳмонд ва ӯро аз афзалият ва камбудии манфиатҳои мухталифи зиндагӣ огоҳ кард.

Волотарин ахлоқ, ки ба ҷавон бояд дод, дарки масъулият дар назди дигарон аст, то тавонад дар сохтори зиндагӣ ҷойи сазовор бигирад. Ба ҷавон бояд омӯхт, ки бошарафиро накӯкории хушк надонад, нерӯи бузурги шарафу виҷдонро дарк кунад. Ҷавонро бояд чунон омӯхт,ки тавонад худ барои худ идеал созад ва бо он зиндагӣ кунад. Ба ҷавон додани идеал кори беҳуда аст, зеро идеали кас наметавонад аз дигаре бошад. Рушди маънави танҳо ёфтани идеалу доштани одоб нест, ҳамчунин тавонои, бурдборӣ дар пешорӯи носозгориҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ низ ҳаст. Ҷавоне, ки шарафу виҷдон ва дили дардошно дорад, вазифашинос аст ва андешаи ғамхориву дастгирии дигаронро дар сар мепарварад, барои насли имрӯз ва ташаккули шахсият воқеан намунаи ибрат аст.

Аз ин рӯ тарбият кунандагон бояд пеш аз ҳама мутолеа кардаи китобҳои панду ахлоқи бошанд чун, ки ба ҷавон андешаи олӣ бояд омӯхт, то вай тавонад аз идеали олӣ андешад, ба сӯи ғояи олӣ равад, дар зиндаги бо рӯҳбаланди аз онҳо кор гирад Барои расидан ба маънавият шарт нест ба ҷавон фариштахӯи омӯхт, ба ӯ нисбати ҷамъият ва пешравии он хуббин ва одам буданро бояд омӯх, ин аст нишонаи шахси бомаърифат.

Ҳомидова М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд