Солҳост, ки ҳамчун омӯзгори фани таърих  фаъолият дорам ва аз рӯзҳои нахусте, ки донишҷӯён  ба донишкада меоянд, ба онҳо таваҷҷӯҳ менамоям. Дар як синф то 25 - 30 нафар донишҷӯён  паси мизи таълим менишинанд. Ба чеҳраи онҳо менигарам, ки поку мубаррост ва дар олами рангину зебои кӯдакӣ сайр доранд. Ба худ меандешам, тарбияи одамӣ аз рӯзу соат ва дақиқае ибтидо мегирад, ки вай аз батни модар ба дунё меояд. Ҳанӯз нахуст Пайёмбари ориёинаҷодиён Зардушт дар китоби муқаддаси худ «Авасто» роҷеъ ба масъалаи таълиму тарбия андешаҳои худро иброз намуда, қайд кардааст, ки барои ҷомеа тарбияи насли навраси зираку оқилу доно ва тавоно зарур аст. Барҳақ,  аз замонҳои қадим ориёнаҷодҳо ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ додаанд. Мо, ки худро аз насли ориёӣ мешуморем, бояд ба тарбияи кӯдак дар оила диққати махсус диҳем.

Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки фарзанди дар оила хуб тарбияёфта дар мактаб донишу одоби хуб дорад. Аммо оилаҳое, ки ноустуворанд, фарзандонашон душвортарбия мебошанд. Омӯзгорон дар таълиму тарбияи чунин хонандагон душворӣ мекашанд.

Маврид ба зикр аст, ки аҳли илми педагогика тарбияро афзалтар аз таълим донистаанд ва воқеан, шахси тарбиятнодидаву беадаб ҳаргиз дар омӯзиш муваффақ шуда наметавонад ва агар донишманд шавад ҳам, чун хулқи некӯ надорад, манфиатрасони ҷомеа шуда наметавонад, оқибат шармсор мегардад. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “олим шудан осон, одам шудан душвор”. Дар байни мардум аз ҳама бештар маҳз шахсони тарбиятдидаву боадаб соҳибэҳтироманд ва мавқею мартабаи ифтихорӣ доранд. Онҳо дорои беҳтарин фазилату сифатҳоянд ва ҳамагон ба онҳо бовару ихлосу эътимод доранд.

Ин ҷо шояд суоле пайдо гардад, ки оила чист ва посух ба он ҳам бояд чунин бошад: “Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад”. Дар ҳақиқат, оила сарчашмаи аввалини таълиму тарбия ва роҳнамои асосии тарбияи ахлоқӣ ва равонӣ мебошад. Дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши падару модар ва оила бағоят муҳим мебошад. Ба дунё овардани насл вазифаи табиӣ ва иҷтимоии инсон мебошад ва насли инсонӣ на фақат ба падару модар ё оилаи ӯ марбут аст, балки он ҷузъи ҷомеаи устувор, идомадиҳандаи анъанаҳо, расму оинҳост. Пас, одами солим-оилаи солим, оилаи солим-ҷамъияти солим, ҷамъияти солим – давлати солимро пойдевор аст. Оиладорӣ фарҳанги бузурги ҳисси ватандорӣ аст. Агар оила солим бошад, назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим ва дар маҷмӯъ, ҷомеа солим мегардад.

Аз ин рӯ, ҳар падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи фарзанд ба саҳланкорӣ роҳ надиҳанд ва дар ин самт оқилона рафтор намоянд.

Баъзе падару модар бар он назаранд, ки бача калон шавад, нағз мешавад. Чун фарзандашон калон мешавад, мефаҳманд, ки андешаашон ғалат будааст. Дар ин маврид мисраҳои шоирро метавон ба ёд овард, ки фармуда:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд. Оиларо бояд поку муқаддас нигоҳ дорем ва аз ҳамагуна кинаю кудурат ва ғаразу нифоқ муҳофизат намоем.

Барои устувории оила ҳам мард ва ҳам зан бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Зеро оила нахустмактаби тарбияи инсон ва шаклгирии тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.

«Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар» мегӯяд халқ. Аз ин рӯ, тавлиди фарзанд ҳанӯз нисфи кор аст. Кори муҳим ва асосӣ тарбия намудани фарзанд ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Дар сурати нодуруст ба роҳ мондани тарбия дар оила мақомоти расмӣ ба он дахолат мекунад. Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанд дар мавзӯъҳои оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, рӯзгордорӣ, меҳмондорӣ, муносибат ба хешу табори тарафайн ва тарбияи фарзанд сӯҳбатҳо гузаронанд ва дар ин кор анъанаҳои беҳтарини халқи тоҷикро риоя кунанд. Дар раванди тарбия волидон ҳамон вақт муваффақ мегарданд, ки барои рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдак шароити мусоид фароҳам оваранд. Тарбияи фарзандон дар оила характери зеҳнӣ дорад. Он аз сатҳи маданият, маънавиёт ва рафтору кирдори ҳамарӯзаи ҳаёти волидон иборат мебошад.

Ҳамзамон, мавриди зикри хос аст, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳамулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Мактабу омӯзгор низ дар ин ҷода нақши калидӣ дорад.

Муътабар Ғозиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд