Таҳдиди рузафзӯни экстремизми байналмиллалӣ ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҳар фарди ҷомеаро  водор месозад, ки дар ин масъала бетараф  набошад.

         Терроризми байналмиллалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Мутаассифона Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин вабои аср эмин нест. Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло бештар аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро дар мамлакатҳои шарқи наздик ва Афғонистон ҷалб шудаанд. Бесабаб нест Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи суханрониҳояшон ба масъалаи мазкур дахл намуда, аҳли ҷомеаро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ ба манфиатҳои миллию давлатдорӣ даъват мекунанд.

         Гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротию террористӣ боиси нигаронӣ гардида, сохтору мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани роҳи пеши амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон тақвият бахшанд.

         Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаю ноогоҳ ба доми таъсири гурӯҳҳои манфиатҷу афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд. Обру ва мақоми кишварро дар арсаи байналмиллалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро  ба хатар гузошта, ба хотири ваъдаи бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд,  волидону наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор мегардонанд.  Барои пеши ин роҳи кирдорҳои ношоистаро гирифтан сохторҳои дахлдор, аҳли зиё ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Дар рафти машғулият дар муассисаҳои таълимӣ аз он ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  омӯзгоронро зарур аст, ки корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва мавзуҳои хештаншиносию дар замини толибилмон парваридани ҳуввияти миллиро ба роҳ монанд.       Падидаи номатлуби терроризм ва ифротгароӣ муаммои тамоми ҷаҳониён ба шумор меравад. Мо шаҳрвандонро зарур аст, ки бо тамоми масъулият барои мубориза ба ин кирдорҳои ношоям саҳм гузорем. Ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем. Пеши роҳи бегонапарастиро гирем.

         Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо, нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмонҳои садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва дигар корҳои шоистаю созанда бо иштироки ҷавонон ташкил ва ба роҳ монда шудааст.

Ҷавононро зарур аст, ки Ватани худро дуст доранд, дониш андӯзанд, илми замонавиро аз бар намоянд, ҷаҳонбинии худро такмил диҳанд. Муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ дошта  бошанд. Худогоҳу хештаншинос бошанд. Барои Ватан хизмат кунанд.

         Ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ танҳо  мусибат, навмедӣ, шикаст  ва амсоли ин гуна падидаҳоро оварда теша ба решаи давлатдорӣ,  оиладорӣ ва инсонгароӣ мезанад.

         Итминони комил дорем, ки ақли солим, андешаи олӣ  ва ҳуввияти баланди инсонгароӣ ҳамеша ғолиб хоҳад шуд.

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд