Санаи 12 феврали соли 2021 тибқи нақшаи вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар мавзӯи “Пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ” дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки Шавкат Шарипов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Шӯҳрат Саидзода, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Уғулой Умаралиева, устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини директор оид ба тарбия Гулшан оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.  Аз ҷониби мавсуф ҳамзамон мақсади вохӯрӣ баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии хоҷагии халқи вилояти Суғд Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки теъдоди ҷалби наврасону ҷавонон  ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ин рӯ, бояд  бештар бо наврасону ҷавонон ва волидайни онҳо дар ин самт корбарӣ намоянд. 

Шавкат Шарипов дар баромади худ қайд намуд, ки Паёми имсолаи Президент чавононро дар пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби иҷтимоӣ, дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва инсондӯстӣ, инчунин эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ ҳидоят менамоянд. Мавсуф аз  бандҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 сухан ронда, баён дошт, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоле аст, ки дар мубоиза бо ин амалҳои номатлуб мубориза мебарад. Зеро фарҷоми ҳама бадбахтиҳо дар Шарқи наздик, ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон маҳз реша давонидани терроризму ифротгароӣ мебошад.

Дар баромади Ӯғулой Умаралиева оид ба нуқтаҳои асосии Паём сухан намуда, қайд карданд, ки ҷавонон бояд ҳувияти миллии худро бештар аз пештар дарк намоянд, ҳамеша чашми бедор дар ҳифзи ватану халқу миллат дошта бошанд. Зеро фазои холиро душманони миллат, хоса ташкилотҳои террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом моҳирона истифода бурда,  бо воситаи сомонаи иғвоангез мафкураи ҷавононро вайрон мекунанд.

Шуҳрат Саидзода зимни маърӯза иброз дошт, ки имрӯз барои ҷавонон аз ҷониби Сарвари кишвар таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда  мешавад. Ҳадафи Роҳбари давлат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Бо мақсади сазовор дастгирӣ намудани ҷавонон ва талқини истифодабарии технологияҳои муосир бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар радифи озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” озмуни “Илм фурӯғи маърифат”- ро эълон намуданд, ки барои пешрафти соҳа мусоидат мекунад.

Дар ҷамъбаст муовини директор оид ба тарбия барои баромадҳои пурмуҳтаво ба меҳмонон миннатдорӣ баён намуд.

Қайд карда шуд, ки аҳли донишкада бо нерӯи шикастнопазир ва қавӣ дар раванди корҳои ободониву шукуфоннамоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири истиқболи сазовор аз 30 – солагии истиқлоли кишвар саҳмгузорӣ хоҳем намуд.