Ҷавонони Тоҷикистон як қишри асосӣ ва қувваи пешбарандаи миллати мо ба ҳисоб мераванд. Маҳз ҳамин рисолати ҳар як ҷавони тоҷик имрӯз ба кишварамон файзу нусрат ва шодмонии халқро дучанд гардонидааст. Мо миллати тоҷик, мардумони сарбаланду сарфароз ва соҳибиқболем. Маҳз ҳамин иқболи неки мардумии шарафмандии тоҷик буд, ки Истиқлолияти давлати насибамон гардид. Имрӯз фахри мост, неъмати зиндагии мост, ки Ватанамон орӣ аз моҷароҳои бегонагон ва ҷудоиву ҷангу ҷидон аст. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз Тоқикистонро дар қатори давлатҳои пешрафтаву таррақикарда, миёни давлатҳои бонуфузи олам мешиносанд. Ва албатта мо сарфарозем, ки Тоқикистон мулки обод, мардумони дилшод ва фазои озодро дорост.

Имрӯз мо бояд дарк намоем, ки бархе хоинону ҷоҳилони миллататмон ба ин қишри ҷомеа, ки ҳоло чандон зиракии сиёсиро аз худ накардаанд, сӯиистифода намуда, барои шомил намудани онҳо ба ҳар гуна таҳрибкорию беҳудагӣ тарғиб менамоянд ва ҷони ҷавони онҳоро қурбонии амалҳои ношоиста мекунанд. Ҳамаи мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ҷвонон фаҳмонем, ки ягона роҳи дурусти зинадги ин пос доштани арзиши ҳастии одамият аст. Бояд ҳамаи онҳо ба қадри худ ва пеш аз ҳама ба қадри Ватани ободу озоди худ расида, барои ҳифзу ҳимояи он бетараф набошанд.

         Эй ҷавонон, биёед, якҷоя ба хотири сулҳу субот ва оромиши мардуми сарбаланду Ватандӯсти кишварамон якҷоя заҳмат кашида, ба хотири устувор намудани пояҳои Истиқлолият ва сулҳу озодӣ дасти ҳам бигирем.

Бале мо сарбаланд аз Истиқлолияти давлатӣ ҳастем, сарбаланд аз дастовардҳои муҳимму таърихии он, саодатманд аз озодивку суботи ҷомеа ва хурраму мад аз фазои чун чаманистон зебои Тоҷикистон.

         Ба ҳамаи Шумо эй ворисони Исмоилӣ Сомонии бузург, Эмомалӣ Раҳмони хирадманд, рӯ оварда таъкид менамоем, ки Тоҷикистон Ватани ҳар яки мост. Ватани муқаддасу азиз ва макони аҷдодии ҳар тоҷики асил аст. Биёед, кӯшиш кунем, ки ватанамонро ободу рӯзгори худро пурнишот гардонем.

Бояд, гуфт, ки хоинони миллат ҳаракат намуда, тарафи заифӣ ва холигоҳро дида, мехоҳанд онро бо ақидаҳои тундгаро пурра созанд., аммо мо фарзандони худогоҳи кишвар ҳеҷ гоҳ ба чунин иштибоҳҳо роҳ нахоҳем дод. Ин Ватан ин сарзамин соҳибони худро дорад. Ҳарчанд, ки аз бевафои ба Ватан хиёнат намудед мехоҳам, ки ақалан ба ҷоне, ки офаридгор бароятон дода аст хиёнат накунед, зеро аз дилозору хиёнаткор Худо ҳам безор гуфтаанд.

Дар ҳақиқат имрӯз моро зарурат пеш меояд, ки ҳамаи омилҳои ноилшавии ҷавононро ба назар гирифта, ҷиҳати дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо талош варзем. Ин аст қарзии шаҳрвандии ҳар як шахси фидокор. Ин аст ватандории мардумони сулҳпарвару Ватандӯст, ки ҳатто дар ғариби ёди Ватану бӯи Ватан мекунад.

Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд