Ҳадафи ман аз навиштани ин мақола он аст, ки мо омӯзгорон гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ, кормандони мақомотҳои дахлдори қудратиро зарураст, ки аз пешатара дида бештар дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ворид гашта, ба ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон фаҳмонем, ки ривоҷи терроризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯхӯ ҳизбҳои мамнӯъ аввал хатар бА худи онҳост. Моро зарур аст, ки бештар дар байни мардум аз зарарҳои ҷонкоҳи шомил шудан ба азҳобҳои гуногуни сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор диҳем ва бо мисолҳои мушаххас исбот намоем, ки чи гуна ин азҳобҳои ба дину ойин ва таффакуру эътиқоди мо душман буда, барои ҷавонону давлати мо метавонанд зарарҳои гарони ҷониву молӣ оранд. Фақат моро лозим аст, ки ба онҳо аз зарари ба сари миллати мо меомадаро ҳам аз лиҳози ҷонӣ ва ҳам аз лиҳозӣ молиявӣ дуруст фаҳмонем. Ман мушоҳида карда истодаам, ки ба ҷавонону ҷомеаи мо боз ҳам зарур ва лозим аст, ки аз дастовардҳои хело назарраси кишварамон дар тӯли 28 соли Истиқлолият ва ривоҷи хело хуби тақвияти риояи оинҳои милливу маънавии мардумамонро ба тамоми қишрҳои ҷомеа бо мисолҳои равшан аз қабили баромаданамон аз бунбасти комуникатсионӣ, нокифоягии барқ (ҳоло дар  тамоми кишвар тамоми шабу рӯз истифода мешавад), фаровонии мағозаву бозорҳои кишвар аз тамоми маводҳои хӯрока ва пӯшока, ки ба мардум лозим аст, сарозер шудаанд ифтихормандона фаҳмонида, зеҳни худшиноси ва хештаншиносии онҳоро боз баландтар бардошта, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани ин марзу бум Тоҷикистони азиз равона созем.

Имрӯзҳо сар то сари оламро муборизаҳои пасипардагии абарқудратҳо барои дастёфтани доройии давлатҳои камқувваттар ба ҳайрат овардааст. Дар наздикии сарҳади давлатии мо ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 1000 (ҳазор) км дар бар мегирад, аз тамоми давлатҳои олам дар гурӯҳҳои номнависшуда ва номнависнашудаи Афғонистон фиристондагони махсусе ҷойгиранд, ки мақсади онҳо мунтазам вайрон кардани амнияти сарҳадӣ буда, дар лаҳзаҳои қулай ба тарафи давлати мо яъне Тоҷикистон фиристондани ҷосусашон мебошад, ки мақсади асосии онҳо аз вайрон кардани мафкураи ҷавонони мо иборат буда, мехоҳанд, ки фазои орому осоиштаи сиёсии моро бо таффаккурҳои заҳролудшудаашон ки мақсади ниҳоии эшон аз ташкил кардан ва ба амал баровардани кушторҳои ғайричашмдошт бо тариқи терорӣ мебошад, ки мисоли онро мо ба наздики дар ҳудуди ноҳияи Данғара мушоҳида кардем, ки дар натиҷаи он якчанд нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захм бардоштанд ва мехостанд, ки обрӯй ва шарафи давлати гул-гул шукуфта истодаи моро дар арсаи байналмиллалӣ паст зананд ва хушбахтона ба ҳадафҳои нопокӣ худ нарасиданд, зеро заковати баланди сиёсӣ доштани давлатмардони моро имрӯз дар тамоми ҷаҳон хело хуб мушоҳида кардаанд.

Дигар аз амалҳои ноҷавонмардонаи душманони миллат, хосса ҲНИ ин нобасомон кардани вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта дар ин минтака баъди сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори нигаронӣ намудан аз вазъи фаъолияти мақомотҳои қудратӣ хоинони миллат хостанд халқи одиро алайҳ давлат шӯронанд. Ҳамаи мо шоҳиди чандин даъватҳои беасоси тарафҳои манфиатовари хоҷагони хориҷӣ гардидем. Ва ин қувваҳо дар хориҷи кишвар истода ба оташ аланга зада истодаанд. Ҳодисаи дирӯз шударо ҳангома сохтан сомонаҳои мухталифи хидматгори хоҷагони беруна худ гувоҳи он аст. Дар он гӯё як гурӯҳ ҷавонони бадахшонӣ алайҳи давлат ҷанг кардаанду Аёмбекову дигар “лидерҳо” онҳоро бо мақомотҳои қудратӣ оштӣ сохтаанд, ин дурӯғи маҳз аст. Давлат пойдор аст ва ҳар он касе, ки ба қонун итоат намекунанд, тибқи қонун ҷавобгар аст. Барои ин аз Аёмбекову Муҳаммадбоқир қаҳрамон тарошидан хатои маҳз аст.

Ман ҳамчун омӯзгор мутмаин ҳастам, ки агар кулли ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама, дастҷамъона барои аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб аз қабили тероризм, экстремизм, шомил гаштан ба азҳобҳои гуногунии мазҳабӣ чи хели ки Асогузорӣ Сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти мӯҳтарами Кишвар Эмомали Раҳмон фармудаанд: “агар бо дасту дили пок”, ҳадафмандона тарғиботу ташфиқот барем, ҳеч гоҳ дар ҷомеаи мо ин гуна шахсонӣ ба ҷомеаю миллат хатарнок пайдо намешаванд ва аз табори онҳо будагиҳоҳам оҳиста-оҳиста фаҳмида аз ақидаҳои нодурусти худ даст мекашанд.                       

      Ҳасанов Ф.А., н.и.и.

омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи

ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.Осимӣ