Агар касе боре барои меҳмонӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Сурху Чоркӯҳ, Воруху Лаккон рафтанӣ шавад, ҳатман бо мушкилии марзӣ дар минтақаҳои Қаробоғ ва Равоти Ҷумҳурии Қирғизистон рӯ ба рӯ мешавад. Ҳол он ки 20 сол муқаддам мардуми ин ҷамоатҳо бемамониат аз ин гузаргоҳҳо рафтуо мекарданд ва ҳусни ҳамсоядориро риоя менамуданд. Аз рӯи адолат нест, вақте ту аз роҳи ҳамсоя бемалол истифода мебарию, худат роҳи онҳоро мебандӣ. Ҳолати роҳбандии мавзеи Қаробоғ мушкилии беш аз 100 ҳазор сокинони ин ҷамоатҳоро зиёд намуд. Ба хотири рафтуо ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд то аз ҳудуди деҳаи Чорқишлоқ бо бунёди як пул роҳро сӯи ҷамоатҳои деҳоти Сурху Чоркӯҳ ва Ворух боз намоянд.  Ба чунин ҳолат бошандагони ҷамоати Лаккон низ мувоҷеҳ шуда, сокинони беш аз 15 ҳазораи ин ҷамоат ва бошандагони маҳаллаи Даҳана 4 километр роҳро дароз намуда, баъд ба хонаашон мераванд. Зеро роҳ байни Исфара ва Лакконро низ қирғизон бастанд. Пирони деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Лаккон ва Боғистон ба хотир меоранд, ки мавзӯи Равот ҳамагӣ 70 – сол сол пеш чун мавзеи чарогоҳҳои қаламрави кишвари Тоҷикистон ҳисоб шуда, чорвои мардум ва хоҷагиро қирғизони кӯчманчӣ бонӣ мекарданд. Ҳоло низ дар ин деҳаҳо набераю абераҳои онҳо умр ба сар мебаранд. Қисматҳои Оқой ва Қаробоғ низ ҳамчунин замоне замини ба истилоҳ “қирғизӣ” гардид, ки мардумони таҷҳҷоӣ аз ҳисси раҳму ғамхорӣ ба онҳо иҷозат доданд, ки хонаҳои муваққатӣ бунёд кунанду азоби бехонагиро накашанд. Имрӯз ба ҷои ин раҳмхӯрӣ насли нави ҳамсоягон бо далелу арқоми бепоя даъвои онро доранд, ки соҳибони бумии ин мавзеҳоянд. Онҳо фаромӯш карданд, ки фарҳанги заминдорӣ, кишоварзиро маҳз аз ҳамсоягони тоҷик омӯхтанд. Банда дар як мақолааи пештараам бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида будам, ки боғдориву шоликориро маҳз тоҷикон ба қирғизони маҳал омӯзониданд. То дирӯз маркази маъмурии вилояти Ботканд шаҳри Ботканд нақлиёти ҷамъиятие надошт, ки мардумаш бемамониат ба шаҳри Исфара ояду талаботи рӯзгорашро пеш барад. Бо иродати роҳбарони онвақтаи вилоят ва шаҳри Исфара ҳар рӯз чор автобус аз муассисаи нақлиёти рақами 35 –и шаҳри Исфара дар хатсайри Исфара – Ботканд фаъолият мебурд. Устодони Донишгоҳи технологии Исфара дар ташкили Донишгоҳи давлатии Ботканд саҳми беназир доранд. Пизишкони сироятшинос ва ҷаррорҳи Исфарамарз дар Беморхонаи марказии шаҳри Ботканд барои тарбияи мутахассисони ҷавон ёрмандӣ намуданд. Омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ин ҳамсояшаҳр барои тарбияи насли наврас хизмати хубе анҷом доданд. Сохтмончиён барои бунёди ин навшаҳр солҳои зиёд кор намуданд. Ин ҳама равобит ба хотири он буд, ки мо ҳамсояро ба таъбири халқии болотар аз хеши дур медонем. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад,  ки насли нави қирғизон аз пирони деҳа, ки онҳоро чун оқсақол ҳурмат мекунанд, ҳатто маълумоте дар ин бора нагирифтаанд. Кор то ҷое расидааст, ки барои сохтмони қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати Чилгазӣ, ки бо мавзеи Равот ҳамсарҳад аст, ҷониби қирғиз иҷозат намедиҳад, то манзил бунёд намоянд. Қариб 100 хоҷагии ин ҷамоат интизори “иҷозат”-и қирғизони “зӯр” ҳастанд.  Барои мо ҳамсоягон боз аламовар он аст, ки васоити ахбори Ҷумҳурии Қирғизистон ба оламиён тоҷиконро ҳамонтавре инъикос мекунад, ки халқи хунхору ғаддор бошем. Бубинед, вазъро худашон ноором сохта, мардумро ба дигар мавзеҳо мекӯчонанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, то гӯянд тоҷикҳо моро азоб медиҳанд. Дар воқеаҳои хунини охири моҳи апрели соли гузашта як ҷавонзан аз маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Ворух бо ашк ва надомат қайд кард, ки ба ҳамсояааш робитаи хуб дошт, ҳамаи нозукии рӯзгордориро омӯзонида, ҳатто як бурида нонро бо ҳам медидем. Шоме набуд, ки ба хонаи якдигар хӯрок набарем. Имрӯз фарзандони ҳамин ҳамсоя бо бегонаҳо ҳамроҳ шуда, хонаи маро сӯзонида валангор намуданд. Магар чунин аст қадри одамиву ҳамсоягарӣ.  

Маврид ба зикр аст, ки шоми санаи 27  январ барои сокинони маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара чун фарҷоми моҳи апрели соли гузашта шоми наҳс ва пуризтироб буд. Зеро ҷониби ҳамсоякишвар, аниқтараш мардуми дилозори Оқсой – и ноҳияи Боткенд боз даст ба хунрезӣ зада, нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаашонро дар амал татбиқ намуданд. Ба ин мардуми муштзӯр қушунҳои сарҳадӣ ҳамроҳ шуда, бо истифода аз пуламёт ва минамётҳо ва ҳатто сарнишинони беодам сӯи мардум тир кушоданд. Дар натиҷа бино бар 17 нафар захмӣ ва 2 нафар ҷон ба ҷаббор супорид. Аз ҷониби Қирғизистон бошад, 6 нафар захмӣ гардиданд, ки он онҳо ҳамагӣ афсарони қушунҳои сарҳадӣ мебошад. Ин ноинсонҳо то кадом андоза шаъни одамгариро гум кардаанд, ки машинаи ёрии таҷилиро, ки барои бурдани захмиҳо ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара омада буданд, ҳадафи тирборон қарор доданд, ки ин корро дар ягон ҷанг касе мушоҳида накарда буд.

Айни ҳол сабаб ва омилҳои норомӣ ва ҷангу хунрезӣ таҳқиқ мешаванд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саймумин Ятимов ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамтоёни қирғизӣ омилҳои сар задани ин муноқишаро ҳаматарафа баррасӣ намуда истодаанд. Комиссияи давлатӣ аз нав ба кораш шурӯъ намуд. Лозим ба зикр аст, ки Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба он гунаҳкор месозанд, ки мардум роҳи Исфана – Боткандро бастаанд ва ҳамин боиси норозигии мардум гаштааст. Мантиқан ин даъвои онҳо нодуруст аст. Аз бастани ин роҳ ба Тоҷикистон на суд асту на зиён аст, ҳол он ки ин мавзеъ таърихан замини Тоҷикистон аст ва бар иттилои собиқ шаҳдори Исфара Гулафзо Савридинова зимни як қарордод ба сифати иҷора ба ҷониби Қирғизистон барои рафтуомади мардумон аз ҷониби Исфана ба Ботканд дода шуда буд. Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ин маврид таъкид бар он доштаанд, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ монаи рафтуомади мардуми қирғиз нахоҳад шуд, вале аз ҳамсоягон  низ даъват ба амал оварда шуд, ки ба рафтуомади сокинони маҳаллаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати деҳоти Ворух халал ворид насозанд.  Асли воқеа он аст, ки мардуми Оқсой қаблан аз рӯи сенарияи омодашуда як сокини маҳаллаи “Сомониён”- ро, ки тавассути портер рег мекашонд, боздошта ӯро  истинтоқ мекунанд, ба онҳо силоҳбадастони қушунҳои марзӣ ҳамроҳ мешаванд.  Онҳо ин нақшаро бояд чанд рӯз пеш вақте як сокини шаҳри Исфараро, ки бо Камаз аз маҳалаи Оқсой мегузашт сангборон карда, мехосатанд шӯру валвала бархезонанд, аммо таҳаммулпазирии мардуми тоҷик ба ин имкон надод.

Мақсуди харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин чист? Дар наздикии марз овардани машинаҳои зиреҳпӯш бо шумораи зиёди афсарону аскарон ба хотири чӣ? Наход мӯсфедони деҳа ҷавононро насиҳат накунанд, ки оини ҳамсоядориро бояд нигаҳ дошта шавад. Дар ҳодисаҳои моҳи апрели соли гузашта як зан аз маҳаллаи Сомониён, ки хонааш пурра валангор шуда буд, гиря карда қайд намуд, ки ба ҳамсояи қирғизам ҳамаи корҳои рӯзгордории тоҷиконаро омӯхтам. Ба чизе ниёз дошт, ҳатман ҳоҷаташро мебаровардам. Бар ивази ин ҳама некиҳо ӯву фарзандонаш остинро чапа пӯшида, ба ман душманӣ варзиданд.

Ба силоҳбадастони қирғиз бояд ҳодисаҳои моҳи апрел дарси ибрат шавад. Аз ҳар ду ҷониб хисоротҳои зиёди моливу ҷонӣ ба қайд гирифта шуд.

Ҳаминаш айён аст, ки фарҷоми ҳама гуна ҷангҳо обқибатҳои ҳузновар дар пай дорад. Моро роҳи мусолиҳатомезро ҳамеша пеша мекунем. Сабру таҳаммули мардум сарҳад дорад. Мо ба давлат ва Ҳукумати худ, ба Сарвари давлати худ эътимод дорем ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар на бо он ҳолате, ки 10 – 20 сол и пештара аст. Мо мардуми сулҳхоҳем, ҷангро намепазирем, аммо намегузорем, ки як пораи хоки Ватан ба тарафи бегона гузарад. 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд