Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Миллати тоҷик аз азал барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Дастоварду арзишҳои миллие, ки ба мо мушарраф гардид, барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Аммо ин ҳама танҳо бар он нафароне, ки барои ба даст овардани ин дастовард, ранҷ бурдаву заҳмат кашида, бештар азизу муқаддас аст. Мо медонем, ки вақтҳои охир аз ҷониби як қабил терористони наҳзатӣ бо ҳар роҳу восита, кишвар ба як ҳодисаҳои нангину мудҳиш рӯ ба рӯ гардида истодааст. Куштори сайёҳони хориҷӣ, ошӯби зиндон дар шаҳри Хуҷанд ва мисоли ин бисёр далелҳоро метавон овард, к и бо ҷурми ин нобакорҳо сар задааст. Амнияти миллатро хатар ворид карда аст. Вале бояд ин наҳзатиҳои худпарасту манфиатҷӯ донанд, ки мо ҳаргиз бар он ҳаводисоте, ки садаи қабл сар зада буд, роҳ нахоҳем дод.

Чанде қабл,  дар шабакаҳои иҷтимоии наҳзатиҳо ба моаннди “Паём. нет”, “Ислоҳ” ва “Ахбор” ҳангомабозиҳои аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ перомуни ташкили кадом як гирдиҳамоӣ – тазоҳурот расонаӣ гардида буд, ки он дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Германия баргузор гашт.

Бояд зикр кард, ки ташкили ин гирдиҳамоӣ ягон ҷои воҳимавӣ надошта, танҳо аз васвасаҳои наҳзатиҳо дарак медиҳад. Ин шоҳони вазиртабъҳо бо камоли беандоза аз миллати мо хоҳони онро кардааанд, ки ҷинояткоронро аз зиндон озод кунанд. Ин бо мақсадест, ки бо озодии ин ҷиноятпешагон Кабирӣ аз он тарафи олам истода, кишвари моро назорат кунад. Ин ҳангомасозиҳо ва талаботу дархости озодиёни сиёсӣ дар он аст, ки манфиати худ ва фармондеҳони хориҷиатонро аз дигарон боло мебинед. Шуморо мебояд, ки он воҳимаҳои худро дар баробари он, ки дигар ахборотро ба хоҷагонатон мерасонед, воҳимаҳоятонро низ ба онҳо кунед, то бовар кунаннд.

Тавре қайд кардам ин тоифаи наҳзатиҳо аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафтаи олам надоранд. Ҷаҳоннигарии танги динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Мо, мардуми шарафманди тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳем, ки дар кишвари зиндагони мекунем ва онҳое, ки муқимии кишварҳои хориҷианд, миллатамонро ба василаи ин паноҳандаҳои ифротӣ шиносанд.

Шумо наҳзатиҳои ҷангҷӯю ифротгар инро бояд донед, ки дигар ин замини зимини хиёнаткорону бедодгарон нест. Кайҳо ин мардуму ин хок ба мисоли шумо ватанфурӯшонро ба гӯшаи фаромӯши бурдааст. Зеро он нафаре, ки миллати худро азиз намедонад, ҳеҷ гоҳ ба қадри озодиву ободии он нахоҳад расид. Ин кофӣ нест ва ҳатто барои муташанниҷ гардонидани вазъияти кишвари орому осуда халал ворид кардан мехоҳанд. Ҷавононе, ки дар ҳаимн фазои ободу озод дар партави Истиқлолияти давлати зиндагони меунанд, ба доми макру фиреб кашида, эшонро гумроҳ ва ҳаёти минбаъдаи онҳоро ба ящмо мебаранд. Аз ин лиҳоз, бо якдиливу якзабонӣ бар ин наҳзатиҳо гуфтанием, ки “Нест бод қавми беимону бевиҷдони наҳзатӣ”.

 

Тоҳиров Т.И. сармуаллими кафедраи А ва ИН