Худоё Тоҷикистнро нигоҳ дор

Ту ин боғи гулафшонро нигоҳ дор.

Барои ман, барои миллати ман

Ҳамеша Тоҷикистонро нигоҳ дор.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли начандон дароз имрӯз миёни садҳо давлатҳои рӯи олам нуфузу шӯҳраташро ҳамчун як давлати мустақил пайдо намуддааст. Ин ҳама шону шӯҳрати миллати мо бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззаму хирадманд ба даст омадааст. Аз ин ҷост, ки ба хотири аз пеш беш намудани тинҷиву ороми дар кишвар давлату ҳукумат тибқи дастури Сарвари давлат камар бастаанд.    

Ҳимоятгари  ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем. Мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки як порчаи он ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст. Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин қадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони бошахсият дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик ҷони худро фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада истодаанд. Ин нафарони ба мисоле, ки аз “пашша фил” сохта вазъияти дохили кишварро аз кадом як давлатҳои Аврупо истода, шабакаҳои интернетиро барои бесуботу бенизом сохтани ҷомеаи мо васеъ истифода кардаанд. Ва ба ин тариқа ҳарчанд хостаанд, вазъияти кунунии минтақаи Бадахшонро бардурӯғ баён доштаанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин афродони нобакор намояндагони “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки дар асл як тӯдакашони босмачии ТЕТ ҲНИ ҳастанд. Нашри баёнияҳое, ки тариқи сомонаи “Паём нет.” Паҳн сохтаанд, танҳо дурӯғи маҳс асту халос. Ва агар аз ҷониби дигар назар андозем ҳамаи ин суханони ибрознамудаи ин наҳзатиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки кӯрнамаку хиёнаткоранд. Барои ҳамин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд. Дар ҷавоби ин вазифаи мо дар он аст, ки ба ҳамаи ин суханони “дилсӯзона”-и онҳо фирефта нашуда, бар ба бари давлату ҳукумат истода, барои бартараф намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят саҳм гузорем.

Дар баёнияи онҳо зикр гардидааст, ки: “Дар вилояти Бадахшон, на танҳо бар зидди ҷинояткорон, балки алайҳи шаҳрвандон низ қуваҳҳо истифода шуда истодаанд”. Ҳоло чанд суханеро иброз медорам, ки ин гуфтаҳои пучу бардурӯғро ботил месозад. Ҳайати 7- нафари саркардагони гурӯҳи муташакилаи ҷинояткорон дар айни замон дар тамоми шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон ва хосатан дар шаҳри Душанбе сайру саёҳат  доранд.

Як масъаларо бояд хуб дарк кунед, ки Пешвои миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳатто аз ҷони худ гузашт мекунад. Ва он суханони бемаънои дар баёния дарҷ гардида, ҳама бӯҳтон асту ягон осоре аз ҳақиқати ҳол дарак намедиҳад. Дуруст аст, ки мақомотҳои марбута алайҳи ҷинояткорон дар вилояти Бадахшон мубориза бурда истодааст. Ин тадбирҷӯии Сарвари давлат, ба хотирест, ки мардум аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷинояткорон эмин бошанд.

Дар тамоми дунё давлат муқобили гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ мубориза мебарад ва манофеи миллию давлатиро ҳимоят мекунад. Бадахшон марзу бум ва хоки аҷдодии мост ва мардуми ин минтақаи зебо ҳаргиз зидди манофеи миллию давлатӣ набаромадаанд. Дигар ин ки чаро давлат ва Ҳукумат бар зидди мардуми  Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишварамон мебошад, амалиёти низомӣ гузаронад? Диагр ин ки масъалаи Бадахшон, муаммои дохилист ва ҳалли он низ ба мақомотҳои дохилӣ давлат тааллуқ дорад. Ба моананди мақоле, ки: “Ба ҳар кор бинӣ халонидан” ин кори нотавонбинони намояндагони “Паймони миллии Тоҷикистон” аст.

МО МАРДУМИ ШУКРГУЗОРУ СУЛҲПАРВАР, АЗ ХУДОВАНД ТАЛАБИ ОНРО ДОРЕМ, КИ ТОҶИКИСТОНИ МОРО НУСРАТУ САОДАТ БАХШАД!

 

Фарзонаи Эраҷ,

устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ