Роҳбари созмони ғайриқонунии “Паймони миллӣ”, раиси ҳизби экстремистиву террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар як суҳбати онлайни бо дӯстони гурезаву анҷабии худ мавзӯи “Оё болои мусалмонон ҳамеша бояд як диктотур бошад? Таҷрибаи Тунис, Туркия ва Толибон” матраҳ намуд. Чун ҳамешагӣ суҳбати ӯ ба ҷузъ аз санги маломат ба сари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон задан чизе набуд. Мусоҳибони қаблан омода намудаи ӯ мушкилиҳои умдаи сатҳи ҷаҳониро ба Тоҷикистон рабт доданд, ки комилан аз рӯи адолат нест.

Барои мо шахсан он чиз аҷиб буд, ки роҳбари  созмони “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ худро мусулмони асил гирифта, аз худ моҳии беайб метарошид. 

Шукри Худо сатҳи зиндагии мардум хуб аст ва дастурхонҳояшон низ аз неъматҳои мавҷуда канда нест. Шумо чаро фазои ороми кишварро нодида мегузаред?  Дар ҳоле, ки зиндагии мардум тинҷу ором ва дастурхонҳояшон пур аз нозу неъмат ва дар фазои истиқлолият ба сар мебаранд. Беҳтарин ганҷ ин дар фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ зистан аст. Шумо манфиатҳои худиро аз манфиатҳои миллӣ боло нагузоред.

Чун суханрониҳоятонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва “барнома”-и пеш аз интихоботиатонро тамошо кардем дар ҳама маврид дастовардҳои даврони истиқлолро нодида мегузаред ва ҳамеша аз камбудиҳои кучак ҳарф мезанеду дастовардҳои бузургро бо чашми сар намебинед, ки ба Шумо гуфтаниям: “Ин айби чашми туст, ки зебои надидаӣ”...

Абдусабур Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд