Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан, диёри ман, диёри номдори ман, дари худро ба рӯи миллионҳо нафар хориҷиён боз намудааст.

Вале бо гузашти айём чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ ва истиқлолият зистани миллати тоҷик барои қабилае аз афродони алоҳида он қадар писанд науфтодааст. Онҳо аз камназариву кӯтоҳандешии беше, ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд.

Чунин нафарони нохалаф, намояндагон ва шогирдони хоҷагони хориҷии манфиатхоҳ, вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро бо фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд.

Дар ҳама гуна мусоҳибаю таҳлилҳое, ки аз сўйи ба истилоҳ, назарияпардозони берунӣ, минҷумла коршиносони наҳзатӣ сурат мегиранд, ҳатто як нуқтаи калидӣ ба назар гирифта намешавад ва он, бешубҳа, надонистани авзоъ ва дуруст ташхис карда натавонистани ҳолати сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию мадании минтақа мебошад.

Ин бори аввал нест, ки ба ном коршиносону таҳлилгарони хориҷӣ, ки ба ин ва ё он восита ба наҳзат иртибот доранд, дар масъалаи Бадахшон аз ҳассосиятҳои маҳаллӣ ва мазҳабӣ кор мегиранд, то авзоъро муташанниҷ сохта, ихтилофотро миёни мардум ва мақомоти давлатӣ барангезанд. Агар ба навиштаҳои расонаҳои наҳзатӣ ва ба ном мухолифини давлатӣ дар як моҳи ахир таваҷҷуҳ намоем, ин нукта равшан мешавад ва василаҳои ангезиш ва ё дақиқтараш, барангехтани ҳассосиятҳои мазҳабӣ ва маҳаллӣ худ аз худ маълум мегарданд. Ин афродони нохалаф бо ҳар роҳу равиш оғоз аз Кабирии нобакор то шогирдону фармонбардоронаш, Алим Шерзамонов, Давлат Мирзобеков ва дигар фармонбордору муттакои хориҷиён вазъи кунуии Тоҷикистонро аз рӯи “дилсӯзӣ”-и худ изҳори нигаронӣ намудаанд. Гӯиё мардум ба ин “хушгӯиҳои наҳзатиҳо” бовар мекарда бошанд. Ба қавле гуфтаҳои Фаридун Ориёӣ, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ, ки дар ҳамаи он баёнияҳои иброздоштаи ин наҳзатиҳо ҳатто ягон нуқтаи калидӣ дар назар наметобад. Гузашта аз ин изҳори нигарони кардани онҳоро касе талаб накардааст. Хиёнаткориву дурӯяги аз ин беш нест, ки аз як ҷониб дасисаву ҳангома сохта, мардумро таҳти таъсири хеш қарор медиҳанд ва аз як ҷониб онқадар ” меҳрубонанд”, ки ташвиш карда истодаанд.

Дар масъалаи муаммои мубориза зидди саркардагони гурӯҳи муташаккилаи ҷинояткорони видлояти Бадахшон бароятон иброз медорам, ки аввал ин масъалаест, масъалаи дохилӣ, дуюм ҳамаи ин ба мақомотҳои дахлдори дохили мамлакат иртибот дорад. Ҳукумати кишвар аз касе талаб накардааст, ки ёрои ин мушкилотро кунад. Дигар ин ки мо маҷбур ва вазифадор нестем, ки атрофи ин масъалаҳои дхили кишвар ба касе маълумоту ҳисобот дтҳем. Ҳаминро донед, кофист, ки барои имрӯзу ояндаи дурахшони Тоҷикистон давлату ҳукумати кишвар таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат тадбирҷӯӣ намуда, барои осоиштагии мардуми Бадахшон ва солимгардонии ҷомеа бо ҷинояткорон мубориза мебарад ва дар ин роҳ бисёр ба зудди муваффақ низ гашт. Зеро мақомотҳои дахлдор зимни амалиётҳои ҷустуҷӯи ба кори ҷиноии якчанд нафар ҷинояткорон нуқтаи ҳамешаги гузошт ва теъдоди зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ инчунин маводи мухаддиро мусодира намуд.

Имрӯз Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.

 

АКРАМОВ А.А.

декани факултети сохтмон ва нақлиёти ДПДТТ,

номзади илмҳои техникӣ