Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Аз ин мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бармеояд, ки одамият бояд бо ҳам муттаҳид бошад, яъне дар зери ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунад на дар тафриқаву ҷудоиандозӣ. Мавлоно мегӯяд, ки мақсади ба дунё омадани мо барои васл кардан, муттаҳид кардан, ваҳдат кардан ва дусту бародар зиндагӣ намудан мебошад. Ингуна зиндагӣ кардан ба мрдум бахт меорад, баръакси он бошад рӯзи сахт меорад.

Мардумро ба гуруҳҳо ҷудо намудан, тафриқа андохтан ва фитна барпо намудан ин бузургтарин гуноҳ ба ҳисоб меравад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Исмоилов Исмоил,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика