Аз деҳа берун, дар наздикии сарҳади ҳамсоякишвар як кулбае ҳаст, ки чор тарафи он бе девор ва дарвоза, гирду атрофи он саҳросту боғчаи вайронае дорад. Саҳар субҳ нодамида даричаи хона кушода мешаваду зане ба даст сатил гирифта ҷониби сарой, ки одатан мардуми деҳот дар он ҷо молҳояшонро мебанданд, оҳиста - оҳиста фикркунон меравад.

Арақи сард аз пешони ба рӯям шориду тарсида бедор шудам, Худоё ба ман чӣ шуд? Соат чанд аст? 2-и шаб, анакнун дигар хобам намебарад, чаро модарамро хоб дидам, ба хайр бошад? имрӯз чанд шанбест? Аҳаа имрӯз шанбе рӯзи дӯстдоштаи донишҷӯ. Вақти ба хона рафтан ҳам омад, пас чаро модарамро хоб дидам. Ба фикрам боз ту имрӯз субҳ нодамида хестӣ. То он, ки тамоми корҳоятро то рафтани ман ба анҷом расониву бароям таоми болаззат омода намоӣ. “Зи ҳолат огаҳам модар”, вале чӣ ҳоҷат дар ин сардии зимистон субҳ нодамида ба ҳавлии торики даҳшатангез мебароиву боз ба ошхонаи худ ворид гардида, бо як асбоби назарногири худсохт аз субҳ то тулӯъи офтоб аз як сатил шир якчанд намуд ғизо омода месозӣ “Зи ҳолат огаҳам модар”.

Модарҷон то имрӯз дар хотир дорам, лаҳзае ки 7 сола будам, дар сарҳад падари ҳарбиямро душманон ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ту барои ӯ бисёр месӯхтӣ. Дар деҳа ба ғайр аз ман, хоҳарам ва бародари  18 солаам дигар касе надоштӣ. Ёсин марги ваҳшиёнаи падарамро бо чашми худ дид. Пас аз дафни падарам дар сари қабраш ба ӯ чунин қавл дод: “Падар ман ба хизмат рафта сарҳадбон мешавам, намегузорам ки як дона магаси душман ба деҳаамон дарояд. Ту барои ворид нашудани душман ба деҳа ҷонатро бохтӣ, вале ман ин тавр намекунам. Чунон мекунам ки душман низ таъми марги падарро чашад. Падар имрӯз атрофи ҳавлиамонро девори баланд мезанам, то ки модар, додар ва хоҳарчаам аз ҳуҷуми душман эмин бошанд. Қавл медиҳам падар! баъд аз ором шудани вазъи кишвар, дар кадом ҳол набошад ба назди модарам бармегардам”.

Дар сарҳад ҷанг оғоз шуд! дар ҳама ҷо аз ҷанг сухан мекарданд. Ҳар рӯз аз марги як нафар ҳамдеҳамон огоҳ мегардидем. Аллакай барои девор кардани атрофи ҳафлӣ дер шуда буд. Ёсин худро ба сафи хизматчиёни ихтиёрӣ номнавис кард. Пас аз як ҳафта ба хизмат рафт. Дар ҷанг мардонавор ва бо алам меҷангид. Ҳар боре, ки душманро медид, марги падарам дар чашмаш намудор мешуд. Бо овози баланд мегуфт “Бародарон барои Модар-Ватан ба пеш”. Ногоҳ дар майдони ҷанг ин овоз якбора хомуш шуд. Аҳмад Ёсинро ба рӯи дастонаш гирифт ва ба ҷои бехавф бурд. Ёсин бародар хез, чашмонатро кушо мо пирӯз мешавем, чашмонатро кушо! Ту бояд ғалабаро бинӣ бархез Ёсиннн..

Аҳ..мад дӯстам ман маргро намехоҳам ғалаба бо мост. Ту маро ба ҳолам гузор ҳамаро ба ғор бар, дар он ҷо пинҳон кун. Вақте ки душман дубора ҳуҷум мекунад, мо муқовимат карда наметавонем шумораи онҳо зиёд аст. Дӯстам аз ту як хоҳиш дорам баъд аз тамом шудани ҷанг ба деҳаи мо рав. Ҳавлиамон дар назди сарҳади душман аст, дар он ҷо модар, додарак ва як хоҳари хурдсол дорам. Пеш аз ба хизмат омадан ба онҳо ваъда дода будам, ки гирди ҳавлиамонро девори баланд мекунам, то ки онҳо аз гургони ваҳшӣ ва душманони гургсифат эмин бошанд.  Медонам маргам наздик аст, ман дигар онҳоро дида наметавонам. Ҳамин ваъдаамро ту иҷро кун, то ки дар он дунё ба роҳат бошам...хуб? гӯён аз ҳуш рафт. Ёсин чашмонатро кушо ваъда медиҳам, фақат чашмонатро кушо, хоҳиш мекунам чашмонатро кушо, мо ҳоло ғалаба накардем, маро танҳо нагузор, чашмонатро кушо Ёсин....

Ӯ  тир хӯрда буд. Хамхизматаш Аҳмад Ёсинро бо як машаққат ба ақибгоҳ бурд. Дар он ҷо духтурон ва занҳо боқӣ монда буданд. Душман ба ақибгоҳ ҳуҷум кард. Аҳмад Ёсин ва як нафар духтурро, ки захми ӯро тоза мекард ба даруни хайма дароварда, сарбозони боқимонда ва ҳамшираҳои шавқатро бо роҳи пинҳони ба ҷойи бехавф бурд.

Хоҳиш мекунам раҳм кунед маро кушед, вале ба ӯ нарасед, охир ӯ маҷруҳ аст. Маро кушед ба ӯ нарасед. Магар шумо аз Худо наметарсед, ки шахси бистариро куштан мехоҳед гӯён духтур фарёд мекард. Ёсин мехост аз ҷой хеста ба онҳо ҳамла кунад, вале аз ҷой ҷунбида наметавонист, зеро пойҳои тирхӯрдаи ӯро духтурон бурида буданд. Бо овози баланд чунин калимаҳоро такрор мекард “Ман шуморо мекушам, қотилони гусасталаҷом, ман шуморо мекушам, қотилони гусасталаҷом, қотилони падарам мекушам...”. Душман ба ғазаб омада аз даҳони духтур парронд.

    - Навбат ба ту. Духтурро дидӣ? туро низ ҳамин тавр мекушам, вале мо ҳам инсонем дурастаст рафиқон!

    - Бале.. бале.

    - Бисёр бачаи боақл менамоӣ, агар ба кадом тараф гурехтани дӯстонатро гӯйи туро раҳо мекунем. Ҳаа як чизро фаромуш накун вақте дуруғ гуфтӣ! аз пешониат пақ..пақ фаҳмо.

    - Чиро интизорӣ? силоҳатро ба пешониам гузор ман омодаам. Рафиқонатро ҳам гӯй наздик оянд. Ҳама якбора парронанд.

    - Бисёр хуб, фикри нағз. Ҳама наздик оед. Орзуи охирини душманамонро амалӣ гардонем. Ин марги олиҷаноб мешавад барои ту барин ватанпарвари нобакор.

Ҳама дар атрофи кати ӯ ҷамъ шуданд. Ёсин чашмонашро пушид ва дасташро аз курпа берун бароварда норинҷаке, ки дар даст дошт тарконд.

Сарбозони мо ғалаба карданд. Душманони боқимондаро бародари аз пой маҳрум гаштаи ман Ёсин тарконд. Ман бо ӯ мефахрам. Баъди пирӯзӣ Аҳмад ба ҷустуҷӯи деҳаи мо даромад.

Шукр Худё мо ғалаба кардем. Бояд акнун хоҳиши дӯстам Ёсинро ба ҷо орам, баъд бо дили пур ба назди модарам меравам, гӯён Аҳмад  бо асои дар даст  доштааш лангон лангон ба ҷустуҷӯи деҳа баромад. Деҳаи мо дар наздикии сарҳад ҷойгир бошад, ҳам хеле сарсабзу хуррам буд. Ӯ гоҳ дар лаби ҷӯй ва гоҳ дар сояи дарахте нишаста аз роҳгузарон суроғаи моро мепурсид. Тақрибан як моҳ ҷустуҷӯ кард, вале касе намедонист, ки манзили мо дар куҷост. Ёсин дӯстам маро бубахш деҳаро ёфта натавонистам. Бояд ба назди модарам равам. Ба ту қавл медиҳам, пас аз дидани модарам боз ба ҷустуҷӯи деҳа мебароям. Аҳмад ба зодгоҳи худ баргашт. Хеле хаста буд, аммо ин хастагиашро бӯйи растаниҳои нав сабзида бартараф мекард. Ба хизмат ду сол пеш рафта бошад ҳам, роҳи маҳалла ва кӯчаро хуб дар хотир дошт. Ба назди дарвозае омаду бо асояш дарро кушод. Модарҷон, модарҷон гӯён ба дарун даромад, ашки шодӣ мерехт. Беист куҷоед ман омадам модарҷон мегуфт. Касе ба китфаш даст гузошта чунин гуфт: бо сабр бош гузаштагонро Худованд раҳмат кунад.       

      -Амак амаки Ҳайдар ин шумо?    

      -Бале ман Аҳмадҷон.

      -Шумо чиҳо мегуед? Модарам куҷост?

      -Модарат ғалаба ва омадани туро шунида шодимарг шуд. Ӯро дар назди қабри падарат гӯрондем. Кани биё ба ин ҷо шин.

Аҳмад деворро даст-даст карда ба кати рӯи ҳавлӣ нишст. Ҳайдар амак ин ҳолро дида дар ҳайрат монд. Ӯ ҳангоми бо амакаш гап задан ба замин ё ба ҳар тараф нигоҳ мекард. Сониян Ҳайдар амак пайхас кард, ки чашмони Аҳмад нобиност. Ҳа чашмони ӯ кӯр буд. Вақте ки Ёсин норинҷакро тарконд Аҳмад барои бурдани ӯ омада буд. Ана ҳамон вақт аз чашмаш захм бардошт. Баъди чанд рӯз Аҳмад аз ғаму ғусса вафот кард. Ваъдае, ки ба бародарам дода буд, амалӣ нагардид...

Ҳавлии мо бо ҳамин ҳолаш монд: “Аз деҳа берун дар наздикии сарҳади ҳамсоякишвар як кулбае ҳаст, ки чор тарафи он бе девор ва дарвоза, гирду атрофи он саҳросту боғчаи вайронае дорад”.

Дар ҳаёти ҳама кас чизе ё касе албатта сабабгор мешавад, ки шахсияти инсонро месозад ё месӯзад. Барои ман бародарам Ёсин ва ҳамхизмати ӯ Аҳмад аз ҷумлаи ҳамон нафароне буд, ки дар чунин давраи ҳассос ҷони худро барои оромиву осудагии кишвар бохта сабаби шахсиятсозии дигар ҷавонони деҳа гардиданд. Пас аз чанд сол ман донишҷӯ шудам. Баъди хатми донишгоҳ хостам барои кор ба Маскав равам, вале марги бармаҳали модарам маро аз ин роҳ боздошт. Пеш аз марг модарам маро насиҳат кард: “Писари ҷонам медонӣ дар китобҳо хонда будам, ки  як замонҳо дар Бухоро духтаронро аз хонаашон зӯран мебурданд ва ба амирон тӯҳфа мекарданд.

Лаҳзаи даҳшатовар бароям ин тасаввур кардани вазъи ҳамондавраи Бухоро буд. Кӯчаҳои пур аз мардуми фақир, вале меҳнаткашу ранҷбар. Ҳавлиеро, ки аз он духтараки  12-соларо барои қарзи падар, ва ё писанд афтодан ба амиру амалдорон аз ҳавли кашолакунон мебаранд, доду фарёди модар ё худ дарун- дарун сӯхтан ва ба худ печидани падараш, ки наметавонад духтари ба ҷону дил баробарашро аз дасти онҳо халос намояд. Иброҳимҷон писарам шукр, ки вазъи кишвари мо ин тавр нест. Ту ва писарони деҳ  ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки тақдири ягон духтари деҳа чунин шавад. Ман...ман хоҳаракатро ба ту супоридам. Ӯро ба ҳимояи худ гир. Имрӯз дар кишвари азизамон сулҳу субот пойдор ва дар ҳар манотиқаш парчамаш парафшон аст. Вақте ки субҳ ба куча мебароям, хандаи бебоки кӯдакони кӯча маро мекушад. Бо дидани мӯйсафеди 80 сола, ки бо миёни хамида ба бозор рафта ба пули нафақааш китоб мехарад, гиря гулӯгирам мекунад. Аз оинаи мактаб ба кӯдакони дар қалб илмҷӯшзада менигараму Худоро шукр мегӯям. Ман модаре ҳастам, ки аз тарси вазъи ноороми кишвар шавҳар ва ҷигарбандамро ба хок супорида натавонистам. Имрӯз ту хуб дарк намо, ки ҳамаи ин ҷоннисориҳо бар асари чӣ қадар талафот аз ҷумла марги падару бародарат ва бо заҳмату бедорхобиҳои родмардони Ватан, алалхусус бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омад. Ман аз марг наметарсам, зеро имрӯз боварӣ дорам, ки духтараки барнои ман озодона дар кӯча гаштугузор карда метавонад. Аз сабаби он, ки Падари миллатамон мақоми занро боло бардоштанд, фарзанди ман соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар оянда ҳамчун роҳбар фаъолият менамояд. Қалби писараи далерам бошад, аз ҳисси ватандӯстӣ лабрез аст. Писари ҷонам се чизро ҳеҷ гоҳ  фаромуш макун: Якум, бар асари чӣ қадар ҷонбозиҳо ба даст омадани Истиқлолиятро. Таърихи ба даст омадани онро ту метавонӣ аз ҳама ҷо дарёфт намоӣ, зеро рӯзе мешавад, ки таърихи ба даст омадани онро дар пештоқи Қасри миллат бо оби ноби тилло зери номи “Падари Истиқлолофар” сабт хоҳанд кард. Дуюм, ту ҳеҷ гоҳ ҳақ ба хиёнат кардан ба миллату давлатро надорӣ!. Сеюм ояндаи Тоҷикистон дар дасти ту ва дигар ҷавонмардон аст!.   

Баъд аз дафни модарам дар сари қабри ӯ ба ҷамъомадагон муроҷиат кардам: Ҳамдеҳагон ва дӯстони азиз! имрӯз ҳамаи шумо соҳиби касб мебошед ва мехоҳед ба манфиати худ ё мардум кор кунед. Вале мақсади ман дигар аст. Ман дигар намехоҳам, ки ҳар як модари тоҷик дар сарҳад бо хавфи ҳуҷуми душман зиндагӣ кунад. Мехоҳам худи ҳозир гирди ҳавламонро девор занам. Фақат аз шумо як хоҳиш дорам, биёед барои бехаф, осуда, бароҳат зиндагӣ кардани оила ва насли оянда атрофи Тоҷикистони азизро девор занем.

    -Фикрат дуруст аст бародар, аммо чӣ тавр? Тамоми марзи Тоҷикистонро девор задан номумкин аст.

    -Рафиқон шумо маро нодуруст фаҳмидед. Баъди чанд муддат ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Биёед ҳамаи ҳамдеҳагон ба хизмат равем. Дар он ҷо хоҳиш менамоем, ки ҳамаи моро ба сарҳад фиристанд. Дар ин ҳол мо метавонем атрофи марзи кишварро ҳамчун девор ҳимоя намоем. Ман намехоҳам, ки “Истиқлолият”-еро, ки бар ивази марги пайвандон ва ҷонбозиҳои сарвари давлатам ба даст омадааст, ба осонӣ аз даст диҳам.

Рафиқон! Рафтем барои нигоҳ доштани “Истиқлолият”. Охир мегӯяндку “Чист Истиқлол? иззат доштан, бар диёри худ муҳаббат доштан”.

                       

Фарҳоди Андалеб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд