Оғози моҳи сентябр, аниқтараш пас аз тақлили Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари 5 рӯза озими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуданд. Ҳадаф аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо рӯзгори мардум, омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон ва мавриди истифода қарор додани чанд иншоот буд. Президент сафари 5 рӯзаи худро дар ҷамъбасти 9 моҳаи хоҷагии халқи вилоят мӯшикофона таҳлилу баррасӣ намуда, ҳамчунин аз низоми тартиботии вилоят изҳори норозигӣ намуданд. Зеро тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар вилоят сатҳи ҷинояткорӣ, бемории вируси СПИД ва нашъмандӣ ба ҷои кам шудан рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Маълум ки пушти ин ҳама носабомониҳо гурӯҳе меистанд, ки аз додугирифти силоҳ, мубодилаи мавод нашъадор манфиатҳои беш мебинанд. Зеро минтақаи Бадахшон бо марзи Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва мусаллам аст, ки бинобар фаъолияти сусти мақомоти қудратии вилоят решаи амалҳои ҷинояткории гурӯҳҳои муташакила ба ҷои хушк шудан майл ба сабзидан доштанд.  Агар пеши роҳи ин амалҳо гирифта намешуд, хоҳ- нохоҳ воридоти силоҳу маводҳои нашъаовор оқибатҳои нангин ба бор меовард. Гузашта аз ин Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзиму расми оинҳо» агарчи дар байни халқ риоя шавад, миёни гурӯҳҳои муташакила не. Яъне, роҳбарони гурӯҳҳо шабинишиниҳои пурдабдаба доир месохтанд. Чандин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ ва атрофи он хидматгузори онҳо буд. Албатта ин ҳама зӯргӯиву фишороварӣ ба мақомоти қудратӣ ва иҷроия таъсири равонӣ мерасонд ба руҳияи мардум. Касе ёрои ҳал кардани масъаларо надошт ва ҳадафи сафари Президент ҳам маҳз нукта гузоштан ба ҳамин  бесомониҳо буд.

Аммо пас аз вазифагузориву тадбирҷӯиҳои Сарвари давлат вобаста ба паст кардани вазъи ҷинояткорӣ, гирифтани пеши роҳи додугирифти маводи мухаддир, халъи силоҳ як гурӯҳ «дилсӯзони Бадахшон» пайдо шуданд, ки ба ин гуфтаҳои Сарвари давлат «ҷомаи сиёсӣ» пӯшониданд. Ҳатто ба ном генералҳо пайдо шуданд, ки пешниҳод намудан то аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ роҳбарони мақомотҳои қудратӣ интихоб шаванд. Яъне, маҳалгароӣ намуданд. Сониян ин «нависандаҳои халқӣ» кӯшиш намуданд, ки дар зеҳну шуури мардум андешаро ворид намоянд, ки ин минтақа барои Тоҷикистон чун бачаи ӯгай аст. Ҳатто навиштанд, ки Президент барои дигар минтақаҳо маблағҳои зиёд сарф мекунанду барои Бадахшон не. Охир эй ноинсофон, Шумо инсонед ё ҳайвон. Магар имрӯзи Бадахшонро ба даҳ соли пешин қиёс карда мешавад? Магар сатҳи зиндагии имрӯза беҳтар аз пештара нест. Бунёди даҳҳо мактабҳои замонавӣ, азнавсозии қисмҳои ҳарбӣ, соҳаҳои тандурустӣ ин ҳама барои некӯаҳволии мардум равона карда шудааст. Чаро ин ҳамаро нодида мегирем. Чар намегӯем, ки дар минтақа танхо дар замони роҳбарии Сарвари давлат таъминоти барқ доимӣ шуд, дар ҳоле, ки дар дигар минтақаҳо маҳдудият буд? Чаро намегӯем, ки имрӯз роҳҳои сатҳи байналмилалӣ дар ин минтақа бунёд шуд? Чаро намегӯем, ки бо мақсади таъминоти мардум бо маҳсулоти ғаллагӣ дар минтақа корхонаи ордбарорӣ бунёд шудаасту имрӯз новобаста аз мавсими сармо мардум метавонанд ордро аз ҳамин ҷо харидорӣ мекунад?

Мусаллам аст, ки сомонаҳои манфиатхоҳи «Ахбор.ком», «Ислоҳ.ком», «Паём.нет», «Кимиёи саодат» бо наши мақолаҳои муғризонаву ҳангомаҷӯёна мехоҳанд вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро бо фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд.

Баёнияи созмони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» (дар асл ТЭТ ҲНИ), ки   дар сомонаи «Паём.нет.» ҷой дода шудааст,    далели гуфтаҳои болост. Мақсади ин афрод аз паша  фил сохтан ва вазъиятро  ноором сохтану  афкори нопоки хешро бар сари мардум бор кардан аст.  Мехоҳанд обро лой карда, моҳӣ доранд.

Мо тасмим гирифтем, ки чанд нуқтаро доир ба ботил будани андешаҳои дар ин баёния овардашуда ва нияти барангехтани бадбиниву ноором сохтани фазои кишвар аз тарафи муаллифони онро нишон диҳем.

Дар ибтидои баёния омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон гӯё «дар як макони ором вазъияти буҳронӣ эҷод кардаанд»; вазъияте, ки гӯё «хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳро дар Бадахшон дар пай дорад»…

Ақли кадом инсон ин гапро қабул медорад, ки мақомоти Тоҷикистон бар зарарари худ кор мекунанд ва вазъиятро ноором мекунанд, дар ҳоле, ки вазифаи асосии онҳо таъмини сулҳу субот дар ҷомеа аст ва аз рӯи ин ба фаъолияти онҳо баҳо дода мешавад?!

Аммо воқеияти ҳол ин тавр нест. То ҷое иттилоъ дорем, мардуми ваҳдатшиори Бадахшон чун дигар минтақаҳои Бадахшон сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд.

Аз сокинони воқеан ҳам соҳибдилу механпарасти Бадахшон даъват ба амал меорем, ки  ҳаргиз ба шиорпартоии нафарони “дилсӯзи” Бадахшон дар хориҷи кишвар дода нашаванд. Махсусан  ба “зебо ва шево” сухангӯии Алим Шерзамонов, ки худ зодаи ҳамин диёр асту аҳдшиканона ба чанд ҳизб иснод овардаасту маблағҳои калони бонкро барнагардонда, имрӯз дар Аврупо ғуломвор ба хоҷагон кор мекунад,  бовар накунанд. Ӯ як нафар ҷосуси хориҷиён аст. Вазифаи ӯ тухми нифоқу низоъ коштану ҷангро оғоз бахшидан аст. Он гоҳ хоҷагон бемалол яроқу аслиҳаи худро ба савдо мезананд.

Мо ин бор набояд хато кунем, баръакс пушт ба пушти давлат барои решакан кардани нафарони манфиатхоҳ кӯшиш варзем. Зеро ҳар як амали содиршуда бояд дар назди наслҳои оянда чун оина мусаффо мемонад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд