Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар, барои некӯаҳолии тамоми мардумони ваҳдатшиор талош карда истодааст, ки ҳар чи пештар бештар миллат дар ҳоли рушд қарор гирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳои худ аз минбари Маҷлиси Олӣ ва ҳатто аз минбари баландпояи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зуҳури терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, тамоми оламро барои маҳви чунин ташкилотҳои ифротӣ даъват менамоянд.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро мухолифи асосии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дорад, доим иддао дорад, ки гӯиё дар миллати мо Истиқлолият ба маънои томаш вуҷуд надорад. Аммо ман изҳор менамоям, ки ягона боиси нороҳатӣ ва барбод додани озодии мардумон танҳо бо ҳастии наҳзатиҳо буд. Бо он ки фаъолияти онҳо барҳам хӯрд, мардум ба дараҷае дар кишвар озод ҳастанду шукронаи зиндагии обод мекунанд.

Бояд қайд намоям, ки ношукрию носипосӣ ҳеҷ гоҳ касро саодат набахшидааст. Маҳз ҳамин хоинию ҷоҳилӣ ва бераҳмии наҳзатиҳо буд, ки имрӯз онҳо дарбадару беватан, сарсону саргардон дар кишварҳои Ғарб қарор доранд. Айнан ба монанде, ки Кабирӣ ҳатто дар ҳамин баёнияи баҳсбарангези худ қайд дошт, мухолифони миллат дар Аврупо қарор доранд.

Кабирӣ ва пайравони ӯро мебояд, ки ба хотири ба ҷойи чунин иғвогариву тахрибкорӣ кӯшиш кунанд, ки ақаллан барои худ роҳи дурусту босаодатро интихоб кунанд. Зеро аз чунин найрангу иғвогариҳо танҳо ба худу атрофиён зарар расонида, нақшаи ғаразноки нафарони манфиатҷӯю нохалафонро амалӣ мегардонанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дигар мардуми тоҷик барои сар задани ҳодисаҳои нангини асри гузашта роҳ нахоҳад дод, зеро то ҳанӯзам дили модарони фарзандгумкардаву ятимони аз меҳри падару модар фориғмонда аз дард ранҷ мебинад. Мо, шаҳрвандони соҳибватану ваҳдатофар дигар ба касе иҷозат нахоҳем дод, ки амалҳои зишти худро роҳандозӣ намоянд. Ба Кабирӣ низ иброз медорам, ки ин “ҷиноҳи низомӣ”, ки асоси онро ғаразҳои нопоку ташкил медиҳад, барои барбод доданаш тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ хоҳем дод.

 

Файзиева Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд