Аз офтоби Ваҳдат файзу сахо бирезад,

Аз офтоби Ваҳдат лутфу наво бирезад.

Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо мардуми тоҷик оромию осудагӣ, хушбахтию пирузиҳои бисёрро ҳадя намудааст. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соати тарбиявии намунавӣ бо иштироки Эркаев Сафаралӣ, номзади илмҳои таърих ва Абдуваҳҳобов Абдусабур.Ю сармуҳаррири маҷаллаи «Меҳвари дониш»  бо донишҷӯёни донишкада гузаронида шуд.

Сараввал устод Эркаев Сафаралӣ бо сухани ифтитоҳии «Азизони халқи тоҷик» оғоз намуда, аз Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз, комёбиҳои давлати Тоҷикистон, олимону бузургон ёдовар намуданд. Маврид ва ёдоварист, ки ҳадафҳои стратегии давлат пурра амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан, ба кишвари содиркунандаи нерўи барқ табдил додани он ва амсоли инҳо корҳое мебошад, ки дар як фосилаи кўтоҳ  анҷом додани он хеле душвор аст.

Яке аз ормонҳои миллати тоҷик стратегияи  энергетикӣ мебошад ва дар ин рощ нерўгоҳи бузурги аср НБО «Роғун» бо роҳбарии Пешвои миллат бунёд шуда, агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 ба фаъолият оғоз намуд. Ин нерўгоҳи бузург дар тараққиёт ва рушди иқтисодиёти мамлакат аҳамияти стратегӣ дошта, ба ҳар як хонадони  мардуми шарафманди Тоҷикистон нуру зиё, файзу баракат ва бахту иқболи нек меорад. Ин нерўгоҳи азим на танҳо ҷумҳурии моро, балки  кишварҳои ҳамсоя ва дўсту бародарро низ бо нерўи барқ таъмин намуда, барои сохтани корхонаҳои хурду бузург имкон фароҳам меорад.

Абдуваҳҳобов Абдусабур суханро аз ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизамон, тараққиёти мамлакат, қомат афрохтани иншоотҳои хурду бузург, тамоми муассисаҳо ва корхонаҳои   давлатӣ бо технологияи нав муҷаҳҳаз шуданашон оғоз намуданд. Кайд карда шуд, ки ҷавонон ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надода, баҳри устувору поянда нигоҳдории  ваҳдати миллӣ, тараққиёт ва рушди босуръати тамоми соҳаҳои давлатдорӣ ва натиҷаҳои мактаби роҳбарии Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда нагузоранд, ки касе ба рушди сарзамини биҳиштосои мо халал ворид созад.

 

Исмоилова С.К. – омўзгори ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.