Тоҷикистон давлати демократӣ ва хуқуқбунёд аст, инро Конститутсияи кишвар кафолат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо чи коре хоҳем, ҳамонро кунем ва исломро ниқоб карда, теша бар решаи давлат занем.

Мо, тоҷикҳо, аз ноогоҳии  худ солҳои  навадум сарро ба санг зада гирифтем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад. Дигар ба ваъдаҳои хангомадори исломиёне ба монанди наҳзатиҳои террорист набояд бовар кунем. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ  намоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ надиҳем.

Тавре мо огаҳем, намояндагони созмони «Паймони миллӣ», махсусан роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бо вуҷуди ин қадар амалҳои нопоки иҷрокардаашон нисбати  Тоҷикистон ором нанишаста, баракси ҳолат, ки бо ҳар роҳе мехоҳанд, миёни мардум иғво ангезанд. Ин аст, ки вақтҳои охир чунин амалҳои нобакоронаи Кабирӣ ва чанде аз тарафдорони ин азҳоб бо далелҳои дурӯғин алайҳи миллату давлати мо, махсусан атрофии вазъи сиёсии Бадахшон бештар шуда истодааст.   Асоси гап дар он аст, ки бо чунин идоракунии як роҳбари ҳизб чи тавр мутаҳиддиву мустақилиро таъмин намудан имкон дорад?. Аҷибаш он аст, ки боз Кабирӣ аз нигоҳи бесаводии худ аз давлату ҳукумат ва Сарвари давлат даъват ба амал овардааст, ки «истиқлолияти воқеӣ» - ро ҳукмрон мекардааст. Ин суханҳо барои «ҷаноби» Кабирӣ, ки агар «истиқлолияти воқеи» - и гуфтаи нахзатиҳо ҳамин бошад, пас аз бедодгариашон ҳазар.

Барои сафари кории Пешвои миллати тоҷик, сарвари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба дохили кишвар дар вилояти Бадахшон ва хориҷи кишвар ба Ҷопонро қариб як моҳ «ситоиш» кардед. Ҳатто аз журналистон ҳам «чуқуртар» бо суханони муҳоботию бӯҳтонӣ. Аслан дигар ҳадаф надоред дар зиндаги ба ҷуз чашми ҳасуд раво дидан ба миллти тоҷик.

Ин замини муқаддас ҳамаи шуморо хӯронд ва пӯшонд. Баҳри осудаҳолии мардум сарвари давлат фазои озодиро муҳайё сохт. Барои соҳиби ҷои кори доими таъмин шудани халқ ҳамаи ораҳои зарури андешида амали карда бошад. Пас боз кадом озодии аз бешро мехоҳӣ. Ба назари ман кӯрнамакиву ношукри аз ин беш нест. Ба ҷои иғвою дасисабози кардан, боре бо чашми ақл нигаред, ки дар миллати мо то чи андоза адолату ҳуқуқи кас, озодии баён миёни мардум сар то сари кишвар ҳукмфармост.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии милли бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

 

Дилафрӯз Мирхолиқова,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика,

омӯзгори калон