Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 27 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад. Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи атрофиён мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири ҳеҷ як чизи нодаркор худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

«Хушгӯӣ»- ҳои наҳзатиҳоро хондам ва ба суханрониву мўҳтавои ин баромади роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ коре надорам. Аммо ин суханҳо бениҳоят пур аз эҳсоси хиёнат, ғаразнок ва нотавонбинона эҷод гаштааст. Кабирӣ ба илҳоми сухангўии шумо ва дигар пайравонатон «қоил» гардидам, зеро илҳоми шумо вақте омадааст, ки чашму гӯшу ҳиссу бӯиши лаззатфаҳмии шуморо нест карда, фақат ба роҳи кину ғараз шуморо ҳидоят намудааст. Ҳамон «илҳом»-и бо зӯри пайдогаштаи Шумо шуморо нобинову кар, бе ҳиссу карахт намудааст. Агар чунин намебуд пешравиҳои давлати Тоҷикистонро бо ҳисиётҳои Худодода эҳсос мекардед. Магар ҳамин «илҳом»-ҳои зӯракии наҳзатиҳо набуд, ки мардуми Тоҷикистонро ба вартаи бало гирифтор намуд, ва зарбаи онро миллати тоҷик то ба имрӯз соз мекунад ва ба захмҳо малҳам мемолад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамин “илҳоми сухангӯӣ”-атон наҳзатиҳоро дар шахсиятҳои Мирзо ва Саидюнусу Алим ва Илҳом ба “тӯдаи доноҳо " даровард. Ва аз гуфтаҳои роҳбарияти наҳзатиҳо, Кабирӣ оуибати ин “тӯдаи доноҳо” давомдиҳандагони насли сеюми босмачиёни ғоратгар хоҳанд шуд.

Имрӯз вазифаи ҳар кадоми мо аз он иборат аст, ки насли имрӯзро ба рағми ин душманон тавре тарбия намоем, ниҳодашон пур аз ифтихор ва меҳанпарастӣ бошад, худшинос бошаду масъулияти ватандорӣ дошта бошанд. Мо бояд ба ояндагон онро фаҳмонем, ки  ҷавонон бояд танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал созем. Фарзандонро сохибимаълумоту  донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг созем. Ҳамаи онҳоро қабл аз ҳама на ба  масҷид  балки барои ба  мактабҳо рўй оварданашон мусоидат намоем, ки мактаб макони махзани илму маърифат ва тамаддуни гузаштаву фарҳанг ва умуман ҷои муқаддас аст.

         Хайруллоева Н.А. муовини декан оид ба тарбияи ФСН