Чанд рӯз аст, ки дар шабакаи иҷтимоӣ мақолаи пурмуҳтаво ва хондании таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” чарх мезанад, ки хонандаи нозукбин бо хондани он лаззати маънавӣ бардошта, ба муаллиф аҳсан мехонанд, ки бо чунин шеваи навиштан даҳони “сиёсатбозони бепоя”-ро бастааст. Бартарияти мақола дар он зуҳур меёбад, ки муаллиф дар такя ба манобеи таърихӣ, факту рақамҳо мавзӯи хеле муҳим ва доманадор баҳси марзиро бардоштааст. Аслан пас аз мутоилаи мақола ҳеҷ шакке ба миён намоеяд, ки мо онро “баҳси марзӣ” унвон кунем. Зеро мо барои ҳудуде бо ҳамсоякишвар вориди гуфтугӯ мешавем, ки таърихан моли Тоҷикистон аст ва он кам ҳам нест. 210 ҳазор гектар, ки баробари марзи як давлати Люксембург аст. Аслан гузаштаи беш аз 1000 сола дақиқан маълум мекунад, ки ҳудуди имрӯзаи заминҳои аксари Осисёи Миёна, фаротар аз он кишварҳои Покистон, Ҳиндустон, Озарбайҷон заминҳои тоҷиконе, буданд, ки онро Хуросони бузург низ унвон мекарданд. Биёед таърихи 1000 соларо варақгардон накунему ҳамагӣ садсоларо дар асоси навиштаи Абдуллоҳи Роҳнамо пайгирӣ намоем. Муаллиф воқеан ҳам дар навиштани воқеият заҳмати фаровон кашидааст.  Аз бойгонии солҳои 1924 то 1937 маълум мешавад, ки Тоҷикистон дар масири даврони Шӯравӣ ба хотири пешрафти хоҷаги халқи кишвар ин заминҳоро ба сифати иҷора мувақаттӣ ба ҷумҳурии ҳамсоя додааст. Худ маълум, ки ҳудуди имрӯза болокӯчаи ҷамоати деҳоти Хистеварз, заминҳои сарҳадии Ворух Чоркӯҳ, Чорқишлоқ Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара, заминҳои сарҳадии Кӯҳистони Мастчоҳ дар маҷмуъ 210 ҳазор гектар ба Ҷумҳурии Қирғзистон гузаштааст. Онҳо ба ин қаноатманд нашуда, сол то сол марзи моро убур карда, даъво пеш меоранд, ки мо гӯиё заминҳои онҳоро гирифта бошем. Сабаби  муноқишаҳои сарҳадӣ низ маҳз ба ҳамин хотир аст. Барои мо алам мекунад, вақте Ҷамоати деҳоти Ворух, ки таърихи беш аз 3 ҳазора дошта чун минтақаи тоҷикнишин ба ҳудуди шаҳри Исфара рафтуои бемамониат накунад. Барои мо алам мекунад, вақте шоҳроҳи Хуҷанд Конибодомро барои таъмир кардан аз қирғизон иҷозат пурсем. Барои мо алам мекунад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон савдогарони қирғиз барои мо сӯзишворӣ фурӯшанд. Барои мо алам мекунад вақте қирғизон ба осонӣ ба ҳудуди Тоҷикистон даромада аз бозори мо истифода баранду мо натавонем аз роҳи онҳо истифода барем.

Мо дилпур аз онем, ки бо дастуру ҳидоятҳои соҳибхирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи вижаи корӣ дар доираи санадҳои байналмилалӣ ва дар ҳамаи музокирот ҷониби Тоҷикистон аз санадҳои ҳуқуқие истифода мебаранд, ки ҳуҷҷати расмии муаянкунандаи сарҳади байни давлатист.  Яъне, даъвои мо даъвои бофта нест ва мутобиқи аломатгузориҳои замони таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳудуди мо бо ҳамон 210 ҳазор гектар заминҳое, ки имрӯз дар қаламрави кишвари ҳамсоя аст, ба мо дода шуда буд, аммо бо мақсади пешрафти хоҷаги халқи навтаъсиси Ҷумҳурии Қирзистон ин заминҳо ҳамчун заминҳои чарогоҳӣ, ки дар ин самт қирғизон  балад ҳастанд , дода шуда буд. Дар солҳои 1948, 1967 ва 1989 ҷониби Қирғзистон кӯшиши пурра ба расмиятдарории ин ҳудудҳо буданд аммо Шӯрои девони вазирони Тоҷикистон ба ин хатои таърихӣ роҳ надоданд.  Амалкарде, ки имрӯз дар сатҳи роҳбарияти ҷониби ҳамсоякишвар мекунад, на ба оини ҳамсоядорӣ рост меояд на ба талаботи санадҳои байналмилалӣ.  Ду муноқишае, ки мутаассифона бо хисороти зиёди ҷониву молӣ анҷомид, маҳз бо айби ҷониби ҳамсоя рух додааст. Бояд аз рӯи адолат ва ҳақиқат кор кард. Аз таърихи набуда таърих сохтанро ояндагон ҳаргиз нахоҳанд бахшид. Дӯстиву рафоқат беҳтарин неъмат аст. Ҷанг харобӣ ва кашшоқӣ меорад. Пас аз бояд хулосаи амиқ бояд баровард ва мақолаи Абдуллои Роҳнаморо ҳатман равшанзамирони ҳамсоя кишвар хонанд ва қабул кунанд.

Солиев О.М., Устоди ДПДТТХ