Ҳар як шаҳрванди кишвар аз ин вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳукмрон аст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузошта бошанд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи ободу озоди мо, солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро муҳайё созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодону ворисони ҳақиқии қаҳрамонони Тоҷикистон шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад.

 Муттассифона, имрўз нафароне аз зодагони ҳамин хоки ватан ба кишвари худ ба диёри худ хиёнат намуда, ба ҷои он ки дар пайравии Пешво барои ободии ватан саҳм гиранд. Баракси ҳол, ки рафтанд фармонбардору мутаккои хоҷагони “бузургӣ” хориҷӣ шуданд, ки барояшон дар ниқоби исломи пок амалҳои ваҳшиёнаро омўхт. То ин фиребхўрдагон дар ватани худ ҷангу маломатро оғоз кардани шудаанд.

Тавре аз расонаҳои хабариву иттлоотӣ бармеояд, раиси собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ то ҳол кӯшиш карда истодааст, ки худ ва аъзоёни ифротгарашро бо баҳонаҳои гуногун сафед намуда, амалҳои характери терористи доштаашро паси пардаи дини ислом тарғибу ташвиқ карда истодаанд. Яке аз чунин амали зишти ў гумроҳ намудани ҷавонони мо ва зарба задан ба арзишҳои милли халқи мост.

Кабирӣ, ки худ афроди ҷангҷӯ ва ифротгарост, аммо ин хистлати ифротиашро зери ниқоби дини ислом пўшида нигоҳ дошта, тавре вонамуд карда истодааст, ки ў ва намояндагонаш ҳамчун як миллати шарики стратегии Тоҷикистон буда, барои нумўи кишвар фаъолият доранд. Вале дар асл суханони инсонфиребонаи онҳо, дурӯғи маҳз асту халос. Зеро дар асл онҳо душманони Тоҷикистонро дастгири менамояд, фоҷиаҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй дод, бо ташаббуси бевоситаи худи Кабирӣ сар зад, хотираи тамоми мардумро аламзада намуда, модарони зиёдеро ба вартаи доғи фарзанд андохт.

Баъди воқеъаҳое, ки бо ташаббуси ТЭТ ҲНИ  дар кишвар ба вуқўъ пайваст мардум аз ин ҳизб воқеан дилсард гардиданд ва қисми зиёди аъзоёни он ҳизбро тарк намуданд. Худ қазоват намоед, ки ҳама ҳаёти орому осоишта ва дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро мепазиранд. Пас касе дигар ба ин ҳизб эътимод намекунад, ба ҷуз ононе, ки саводи дурусти исломи надоранду зуд шефтаи фиребу фасоди ифротиён мегарданд.

Таассубгариву “диндорӣ” – и ин наҳзатиҳои динфурӯш то ба дараҷаест, ки ҳатто мардумро алайҳи анъанаҳои милливу мардумии мо таҳрик карда истодаанд. Либоси миллии тоҷиконро пушти по зада, тарғиби либосҳои эронро ба роҳ андохтаанд. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ин ҳама дасисабозиҳо наҳзатиҳоро дучанд шармандаву беобрӯ мегардонад, зеро мардуми бофарҳангу бомаданияти тоҷик медонанд, ки мероси аҷдодии миллати мо гаронарзиш асту, ҳифзу ҳимояи он қарзи фарзандии ҳар кадоми мост.

Ҷӯраева Матлуба, устоди факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд