Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Муаммои терроризм вақтҳои охир хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳдиди созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар замони мо на танҳо барои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, балки барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ хатари бузург дорад.

Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахшҳои амният ва мубориза бо терроризм на танҳо бо ҳамсоягони худ, балки бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ фаъолона густариш додааст. Моҳи майи соли 2018 Пешвои миллат Эмомали Раҳмон бо Ҷумҳурии Беларус омодагии худро барои иқдоми муштарак алайҳи зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунин алайҳи қочоқи маводди муҳаддир ва силоҳ изҳор карданд.

Аммо бо вуҷуди тамоми талошҳое, ки мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ анҷом медиҳанд, ин мушкил то ҳол ташвишовар аст. Яке аз мушкилоти шадид ин дигаргунсозии сатҳи фаҳмиши динии ҷавонон мебошад, ки яке аз роҳҳои ҳали он ин васеъ намудани донишҳои сиёсӣ ва ҷаҳонбинии онҳо мебошад.

Ифротгароӣ дар шакли мазҳабии худ дар Тоҷикистон омили нооромкунанда буда, барои шаҳрвандон хатарро меоварад. Экстремизми динӣ дар ҳар ҷое, ки зуҳур кунад, ҷомеаро аз фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ, амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ дур карда, ба рушди устувори ҷомеа монеъ мешавад.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ройгон пешкаш карда шуд.

Тоҷикистон барои пешрафт ва рушди ҳаматарафаи минтақаҳо диққати ҷиддӣ ва ғамхории зиёд менамояд. Ин сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва саривақти буда, бояд мутаассил тарғиб ва инкишоф дода шавад. Аз ин сиёсати иҷтимоӣ ва адолатпарварона тамоми қишрҳои ҷомеаи тоҷик бурд хоҳанд кард.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Бинобар ин, ягона роҳ барои бетараф намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчўбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Аюбова Фарида Азимҷоновна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд