Аввалин суханоне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Ман ба шумоён сулҳ хоҳам овард…» буд. Барои барқарор намудани оромиву сулҳу субот ва сарҷамъ намудани тоҷикон меҳнатҳои мунтазами Сарвари давлат натиҷаҳои дилхоҳ оварданд. Маҳз, бо ташаббус ва заҳматҳои Пешвои миллат барои аз байн бардоштани зиддият байни тоҷикон дар минтақаҳои хафноки кишвар ва хориҷа борҳо бо мухолифин мулоқотҳои босамар ташкил карда, вохӯриҳои муфид барпо намуданд. Натиҷаҳои самараноки мулоқотҳои мазкур Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд омад. Бешубҳа, барқароршавии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон дар тамоми ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат хизмат хоҳад кард. Зеро ки имрӯзҳо вазъияти ноороми ҷаҳон тамоми мардумро ба ташвиш оварда, зиддияту душмании байни кишварҳоро беш аз пеш афзуда, шиддатноктар ва хафноктар намуда, оқибат ин ҳолат ба вазъиятҳои фалокатбори гӯшношунид оварда метавонад. Алалхусус, ҷанги Россия ва Украина вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии тамоми ҷаҳонро дигаргун намуд ва бештари давлатҳоро ба ду лагери ба ҳам зид ҷудо кард. Аз як тараф, зиддияти мазкур метавонад, сатҳи зиндагии мардуми давлатҳои зиёдеро коҳиш диҳад. Аз тарафи дигар, теъдоди фавтшудагон ва муҳоҷирон рӯз ба рӯз меафзояд. Инчунин, миқдори мамлакатҳои навбанавро ба доираи муноқишаҳои худ кашида истодааст. Билохира, ин зиддият метавонад ба сари мардуми ҷаҳон ҷанги ниҳоят харобиовари навбатиро оварад. Мусаллам аст, ки дар чунин як ҳолати муташанниҷ пешравӣ ва рушди иқтисодии мардуми кишварҳои мухталиф ғайриимкон мебошад. Зеро ки асоси тараққӣ ва комёбии зиндагӣ, пеш аз ҳама ҳаёти орому осуда ва сулҳу субот буда, танҳо дар ҳамин ҳолат Ҳукумат метавонад, ҳама нақшаҳои дурнамои ободонӣ ва рушди кишварро амалӣ намояд.

     Тоҷикистони мо бо осонӣ ба сулҳу ваҳдат нарасидааст, садҳо ҳазор одамон муҳоҷир шуда, фирор карданд, ҳазорон мардум нобуд шудаанд, иқтисодиёт хароб гардид ва зиддияти дохилӣ рушди ҷумҳуриро даҳсолаҳо ба оқиб партофт. Вале ба ин монеъаҳо нигоҳ накарда, халқи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумат тавонист, ҳама душвориҳоро сарбаландона паси сар намуда, марҳила ба марҳила кишварро пеш барад ва обод намояд.

     Зимнан, яке аз вазифаи муҳими ҷомеа ин дар руҳи ватандӯстӣ ва сулҳпарварӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад. Ба онҳо оқибати фалокатбори зиддияту ҷанг, аҳамияти оромӣ ва осудагӣ, махсусан вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳонро дуруст фаҳмонидан ниҳоят зарур аст. То ки ҷавонон ба вазъияти муташанниҷи ҷаҳон амиқ сарфаҳм рафта, ба ҳолати мавҷуда баҳои дуруст дода, баду некро ҷудо карда, пеш аз ҳама манфиати кишвари худро мадди назар дошта, дар рушди давлат ҳисса гузошта тавонанд. Алҳол, ваҳдат ва сулҳ масъалаҳи муҳимтарин ва умдатарини ҳар як кишвари сулҳхоҳ буда, дастгирӣ ва  пуштибонии ин неъмати бебаҳо аз тарафи ҳар фард ҳатмист. Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат дар ҳар маърӯза, баромад ва суханронӣ, ҳатман нисбати сулҳу суботи кишвар шукргузорӣ намуданро бо исрор ба тоҷикистониён таъкид менамоянд, чунки имрӯзҳо масоили мазкур торафт аҳамияти бештаре пайдо карда истодааст. Аз ҳамин лиҳоз, ба насли наврас, алалхусус ҷавонони дар муҳоҷират буда, оид ба қаҳрамониҳои мардуми тоҷик дар ҶБВ ва ҷанги шаҳрвандӣ, қурбон кардани ҷони худ барои сулҳу субот, меҳнату заҳмати онҳо баҳри ободонии ҷумҳурӣ мушаххас ва муфассал бояд нақл намуд, то ки ҷавонон ба қадри оромӣ ва осудагии кишвар расида, ба шароиту муҳити мавҷуда баҳои дуруст дода тавонанд. Маводи мазкурро тавассути Шабакаҳои Интернет, садову симо ва Воситаҳои ахбори умум дастрас намудан зарур мебошад. Бешубҳа, ин ҳама тадбирҳо барои тарбияи ҷавонони тоҷик дар руҳияи меҳанпарастӣ ва сулҳхоҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

                    Раҳмонова И.Ё., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд