Имрӯз, бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот аз ҷониби роҳбарон ва масъулини мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва илму фарҳанги ҷумҳуриамон дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон ва муассисаҳои илмиву таълими вохӯриҳои зиёде гузаронида мешавад.

Дар баргузории вохуриҳо хусусан дар байни ҷавонон борҳо оид ба устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд, маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ сухан гуфта, кайд карда мешавад, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. Вале, то ҳол шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Дар сиёсати худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти бештарро ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон равона менамояд. «Ҷавонон ояндаи Тоҷикистонанд» - доимо дар баромадҳои худ таъкид менамоянд.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Имрӯз мо падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан - Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.

Ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар ҳастанд, чи гуна шароити буду бош доранд ва аз онҳо зиёд талаби пулу мол накунанд, зеро ин омил ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста бизананд.

Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд. Ва аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзур намоянд, то роҳи ин гуна амалҳо гирифта шаванд.

Аз ин лиҳоз, бояд қайд намуд, ки имрӯз бархе аз ҷавонписарони тоҷикро аз ҷиҳати паст будани маърифат зархаридони хориҷӣ ба доми худ фирефтаанд ва ин доғи ҷудоиву нангро падару модарон, хешу ақрабои онҳо бар дӯш доранд, ки ин ба шаъну шарафи ҷавонмарди асил намезебад.

 

 

 

Камолов Н.Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд